Нашрияи Омӯзгор

Қиссаи шӯрбо ва примуси муаллим

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 114        Шарҳ: 0

 

Абдусаттор солҳои 50-уми асри гузашта, баъди хатми Донишкадаи омӯзгории Самарқанди бостонӣ бо роҳхат барои кор ба Тоҷикистон омад.

Вазорати  маорифи кишвар омӯзгори ҷавону соҳибмаълумотро ба Норак равон намуд ва Абдусаттор дар яке аз деҳаҳои кӯҳистони он ҷо ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз кард. Инак, ду қисса аз он рӯзгори Абдусаттор пешкаши хонандагон мегардад.

Номи нестандарҷаҳон

Омӯзгори  ҷавон дар хонаи кампире иҷорашин буд. Он солҳо дар деҳа барқ набуд, газ набуд ва ҳама кори хона ба усули «бобоӣ» сурат мегирифт. Абдусаттор ҳар ҳафта рӯзҳои шанбеву якшанберо интизор мешуд, зеро ин рӯзҳо дар деҳа маъракаҳои гуногуне баргузор мегардиданду «маълими самарқандӣ» ҳатман даъват мешуд.

Боре дар маъракае ба ӯ дар шоҳкоса шӯрбо оварданд. Муаллим устухони сергӯшти онро рӯи як пора нони хунук гузошту ба шӯрбои шоҳкоса нони зиёдеро пора кард ва ба худ андешид, ки «шикамро нони шӯрбо пур мекунад», то онро хӯрдан гӯшт ҳам сард мешавад, ана, он вақт баҳузур гӯштро хӯрда, устухонро таконда, мағзашро метавон фурӯ бурд ва то пагоҳ бо шиками сер гашт.

Абдусаттор ғарқи ҳамин андешаҳо машғули тановули пораҳои нон буд ва ин ҳангом марди тануманди мӯйлабдоре омаду канори ӯ рӯйи кӯрпача нишаст. Бе ҳеч муқаддимаву салому пурсупос устухони сергӯштро ба даст гирифту боҳавсала ба хӯрдан даромад. Ҳуш аз сари Абдусаттор парид. Ӯ медид, ки чӣ тавр мард бо ангуштони равғанолуд гӯштпораҳоро аз устухон кандаву бемалол фурӯ мебарад. 

Абдусаттор он қадар ҳайратзада шуд, ки кам монда буд аз зӯри қаҳру алам як мушти обдоре ба ҷоғи мард фарорад. Мард устухони тозаро як сӯ гузошта, ботамкину ҳавсала мӯйлабҳои равғанолудашударо бо ангуштонаш тоб доду ба Абдусаттори ҳайратзада рӯй оварду пурсид:   

- Номат чист, додар?

Абдусаттор бо кӯшиши зиёд хашму ғазабашро фурӯ нишонду ҷавоб дод:

- Номи ман «Аблаҳи оби шӯрбохӯри гӯшташро ба дигарон медодагӣ».

Примус

Пас аз моҷарои гӯшту шӯрбо Абдусаттор дар фикри беҳтар намудани маишати зиндагӣ шуд. Боре ба Душанбе омад ва аз фурӯшгоҳи молҳои рӯзгор примус хариду ба деҳа бурд. Аз мағозаи деҳа карасин харид ва дигар ҳар рӯз аз ҳавлии кампир садои фишшоси примус баланд мешуд.

Овозаи примуси «маълим» дар деҳа зуд паҳн шуд. Акнун рӯз дар миён одамон ба ҳавлии кампир омада, аз Абдусаттор хоҳиш мекарданд, ки кори «примус»-ашро  ба онҳо нишон диҳад. Абдусаттор зуд паҳлуи судманди корро дарк карда ба одамон мегуфт, ки бо худ равғану гӯшту пиёзу сабзиву картошка биёранд, то чизе пухта раванди кори примусро ба онҳо нишон диҳад ва истифодаашро фаҳмонад.

Акнун зиндагии Абдусаттор ранги дигар гирифт, ба ҷойи чою нон хӯроки гарм ҳар рӯз мавҷуд буд. Ҳамчунин, субҳгоҳон ҳамсояҳо шир меоварданд ва ӯ ширчою ширбиринҷ омода мекард.

Авҷи ҳангомаи примуси Абдусаттор  ба ҷашни арӯсие рост омад.

Як ҷавони деҳа аз кадом рустои дуре арӯс овард. Бо садои  дафу дойра ва таронаҳои ҷашни арӯсӣ гурӯҳи одамон вориди деҳа шуданд. Арӯс зери чодари пурнақш болои зини асп нишаста буду марде лаҷоми асп дар даст сӯи хонаи домод мерафтанд.

Ногоҳ арӯс овоз  баровард:

-Ман ба хонаи шаҳ намеравам!

Ҳама ҳайратзада шуданд. Охир, дар куҷо дидед, ки арӯс чунин садо баланд кунад? Воқеаи гӯшношунид. Марди сарҷилав ба арӯс наздик шуду хитоб кард:

- Чӣ гап? Мора шарманда кардан мехоҳӣ! Барои чӣ рафтан намехоҳӣ?

Ин дафъа арӯс хеле паст аз зери чодар ҷавоб дод:

-Ба як шарт меравам. Дар ин ҷо «пирамус» гуфтанӣ чизе будаст. То ҳамонро набинам, ҷое намеравам. Мард бо шунидани шарти арӯс чанд нафарро наздаш хонд ва қазияро дар миён гузошт.

Корвони арӯсӣ ҳамоно беҳаракат  буд. Марде шитобон озими хонаи кампир шуду Абдусатторро берун хонд. Вақте муаллим аз дарича намоён шуд, мард мухтасар  моҷароро барояш гуфт.

Абдусаттор лаҳзае ба мард нигарист, табассуме дар лабонаш зуҳур кард, сипас гуфт:

-Ман ҳам як шарт дорам. Аввал аз хонаи домод як табақ оши сергӯшт, як дастархон қанду кулча бароям ҳозир месозед, баъд ман примусро ба арӯс нишон медиҳам. Мард аз паси иҷрои шарти муаллим шуд, чун деҳа чандон бузург набуд, дар зарфи чанд дақиқа ошу дастархонро оварданд. Сипас, Абдусаттор примусро аз хона берун овард ва омода шуд то онро рӯшан кунад. Корвони арӯсӣ наздик омада, одамон ба таври нимдавра ҷойгир шуданд.

Абдусаттор оҳиста-оҳиста бо даста ҳаворо фишор  дода, баъд гӯгирд заду примусро фурӯзон кард. Тамоми ин муддат арӯс як гӯшаи чодарро бардошта, аз зери он бо шавқ ва ҳайрати беандоза примусро тамошо мекард.

Чанд лаҳза баъд кадоме пешниҳод кард, ки арӯсро се маротиба гирди «пирамус» чарх занонанд, то рӯзгораш ҳамеша рӯшан бошад.

Ниҳоят, арӯсро то хонаи домод оварданд. Ногоҳ арӯс боз ба сарҷилав чизе гуфт, ки мард лаҳзае музтариб монд, баъд аз тарафи домод касеро даъват намуду гуфт:

- Ҷӯра, арӯс як шарти дигар дорад. Мегӯяд, то шаҳ барояш «пирамус» нахарад, вориди хонааш намешавад.

Боз корвони арӯсӣ аз ҳаракат монд. Мардҳо якҷо, занҳо ҷойи дигар, домоду рафиқонаш дар дигар ҷо машварат оростанд. Дар охир ба хулосае омаданд, ки домод фардо ба Норак ё Душанбе рафта ҳатман барои арӯси нозанинаш «пирамус» мехарад. Чанд марди обрӯманди деҳа ба дурустии ваъдаи шаҳ гувоҳӣ доданд ва арӯсро аз асп фароварда, хонаи домод бурданд…

Азимхон МАЛАХОВ,

омӯзгори мактаби №45-и

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш