Нашрияи Омӯзгор

Ҳусни ашъори султони шоирон

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 17        Шарҳ: 0

 

Дар дарси адабиёт ҳамбаста ба мавзӯъҳои дигар дар синфҳои болоӣ санъатҳои бадеӣ омӯхта мешавад, ки ин, воқеан ҳам, барои тақвияти донишҳои хонандагон оид ба адабиёти бадеӣ, ҳунари суханварию суханфаҳмӣ, дарки маънии аслии абёт ва тарбияи эстетикию маърифатии онҳо бағоят муҳим аст. Бисёр санъатҳои бадеӣ, аз ҷумла, ташбеҳу муболиға, истиораю тавсифро хонандагон бо шавқ меомӯзанд ва мекӯшанд, ки минбаъд дар гуфтугӯю нутқашон, дар иншою нақли хаттиашон аз ин санъатҳо истифода баранд.

Ҳангоми омӯхтани эҷодиёти устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ хонандагон бо санъатҳои зиёди бадеӣ дучор меоянд, ки яке аз онҳо талмеҳ мебошад. Талмеҳ калимаи арабӣ буда, маънои ишорат кардан, нигоҳе ба сӯе афканданро ифода мекунад. Он як навъ санъати бадеӣ буда, дар адабиёт ҳамчун воситаи ишорат ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, қиссаву воқеаҳо, афсонаҳо ва қаҳрамонони онҳо кор фармуда мешавад. Тавассути истифодаи талмеҳ шоир ҳам суханро кӯтоҳ мекунад, ҳам маъниро барҷастаю пуробуранг месозад. Далеле меоварем як байти машҳури Ҳофизи Шерозиро, ки чунин садо медиҳад:

Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифурӯхт,

Нохалаф бошам, агар ман ба ҷаве нафрӯшам.

Ин ҷо шоир зери калимаи «падарам» ҳазрати Одамро дар назар дорад, ки бар хилофи фармони Офаридгор гандуми мамнуъро хӯрдаву дар натиҷа аз биҳишт ронда шудааст.

Ва умуман, байти мазкур ишора ба қиссаи аз ҷаннат канора кардани одам мебошад ва Ҳофизи лисонулғайб ба василаи талмеҳ дар байте як ҷаҳон маъниро ғунҷоиш додааст. Ҳангоми дарси адабиёт, ки ба омӯзиши эҷодиёти устод Рӯдакӣ бахшида шудааст, ба санъати талмеҳ зиёд дучор меоем, масалан, дар байти зер:

Бихандад лола дар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,

Бигиряд абр дар гардун ба сони дидаи Маҷнун.

Дар ин байт ҳамбаста бо ташбеҳ ба қиссаи машҳури «Лайлию Маҷнун» ишорат мешавад ва ин шеърро боз ҳам муассиртару дилрастар месозад. Аз ин лиҳоз, қитъаи дигари устод Рӯдакиро далел меоварем.

Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо,

Рустами Дастон туӣ андар набард.

Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род,

Не, ки Рустам нест дар ҷанги ту мард.

Қиссаҳои марбут ба корномаи Ҳотами Той  ва Рустами Дастон басо маъмулу маъруфанд. Устод аз ин қиссаҳо хеле хуб баҳра бурдаву бамаврид истифода карда, шеърашро обуранги бадеӣ бахшидааст.

Чун қиссаҳои мазкур дар адабиёти тоҷик қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» низ машҳур аст. Бубинед, устод Рӯдакӣ дар ин қитъа бо корбасти санъати талмеҳ (ишора ба қиссаи мазкур) чӣ қадар бамавриду мумтозона суханашро рангину ҳадафгир сохтаву мазмуни шеърашро ба сатҳи баланд бардоштааст:

Нигорино, шунидастам, ки гоҳи меҳнату роҳат

Се пироҳан салаб будааст Юсуфро ба умр-андар:

Яке аз кайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз туҳмат

Савум Яъқубро аз бӯш равшан гашт чашми тар.

Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ,

Насиби ман шавад дар васл он пироҳани дигар?

Қиссаи  мазкур дар байти  зерини  устод Рӯдакӣ  низ мавриди  ишора (талмеҳ) қарор гирифтааст:

Ба ҳусни савт чу булбул муқайяди назмам,

Ба ҷурми ҳусн чу Юсуф асиру зиндонӣ.

Бидуни огаҳӣ аз як силсила санъатҳои бадеӣ, аз ҷумла, аз талмеҳ дарки пурраи ашъори Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои хонандагон душвор хоҳад буд. Ба ин чанд мисоле, ки аз эҷодиёти ӯ оид ба санъати талмеҳ овардем, гувоҳ аст. Омӯзгорони адабиёти тоҷикро мебояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошанд. Шогирдон дар эҷодиёти шоирони дигар низ ба санъати талмеҳ дучор меоянд ва чун ҳангоми омӯзиши осори Рӯдакӣ аз ин санъат огаҳӣ дарёфтаанд, то ҷое дар фаҳми ашъори эшон муваффақ хоҳанд буд.

Сарвиноз АЗИЗҚУЛОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики

мактаби №37-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш