Нашрияи Омӯзгор

Сеҳри нафаси ниҳонии шеър туӣ

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 95        Шарҳ: 0

 

Шоири рангинхаёл Алимуҳаммад Муродӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кору зиндагӣ мекунад. Дар баробари эҷоди мисраъҳои тару сабз ба парвариши гулу ниҳол ва дарахтони мевадиҳанда машғул аст ва аз заҳматаш ҳам боғи адабиёт обод асту ҳам гулистони саросар сабзи худи шоир, боғе, ки рӯйи замин бо дастони пурэъҷозаш онро бунёд карда. Чун дар дили табиат аст, сурудаҳояш ҳам аз дил мебароянд ва ба дилҳо мешинанд. Боғдор асту аз ранҷу заҳмати деҳқон ба хубӣ огоҳ аст, бино бар ин, сатрҳояш дар бораи меҳнати сангини боғбону деҳқон самимиянду воқеӣ:

Эй, ки пошад донаи рӯзии мардум мушти ту,

Эй, ки бошад шохаи пурбор даҳ ангушти ту.

Хишту санги зиндагӣ шӯрида аз оби ҷабин,

Пойдевори бинои зиндагонӣ пушти ту.

Номбурда бо вуҷуди серкорӣ дар шабакаҳои интернетӣ фаъол буда, шеърҳои тозаэҷоди хешро дар ихтиёри дӯстдорони каломи бадеъ мегузорад, ки дар як лаҳза ҳаводорони худро пайдо мекунанд. Хусусан, ин мисраъҳои омӯзандаи Алимуҳаммад Муродӣ:

Бечоравор нола накун пеши зиндагӣ,

К-он ҳеч вақт гӯш ба афғон намедиҳад.

Чун шаҳсавор хезу ба зӯраш савор шав,

К-ин аспи маст тан ба заифон намедиҳад…

тайи чанд вақти охир ҳаводорони зиёд пайдо карда, вирди забонҳо гардидаанд. Бояд иқрор кунам, ки ман ҳам барои аввалин бор бо чакидаҳои қалами шоири маҳбуб дар фазои интернетӣ шинос шудаму пайваста хоҳони дидору суҳбат бо соҳибқалами мумтоз будам ва хушбахтона, ин хостаам ҷомаи амал пӯшид. Чанде пеш дар Китобхонаи марказонидаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бахшида ба эҷодиёти мондагори шоири маъруф маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Шеър обест зи сарчашмаи дил» бо иштироки аҳли зиё, адибону санъаткорони шинохтаи кишвар баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур, аз ҷумла, директори китобхона Абдуқодири Абдуқаҳҳор изҳор дошт, ки забони ашъори Алимуҳаммад Муродӣ дар рушди ҳувияту ҳофизаи маънавии миллати тоҷик нақши муассир дорад.

Шоир Давлат Сафар гуфт, ки бо А. Муродӣ аз солҳои 1980-90 ҳамкории зич доштем. Эшон маро ба олами бекарони шеър роҳнамоӣ намуда, ҳамчун шоир тарбия карданд. Ҳарчанд айни замон аз шӯру ғавғои шаҳр дуранд, аммо шеъри волояшон тайи чанд соли охир дар олами сухану адабиёт ғулғула афкандааст. Ин мисраъҳоро ба устод бахшидаам:

Устод, рафиқи ҷонии шеър туӣ,

Сеҳри нафаси ниҳонии шеър туӣ.

Аз куҳнасароӣ дар сухан сер шудем,

Эй пирнафас, ҷавонии шеър туӣ.

Ҳамчунин, дар ин маҳфил шоирон Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Шоира Раҳимҷон, адабиётшинос Аъламхон Кучаров ва дигарон оид ба ҳаёту фаъолияти Алимуҳаммад Муродӣ сухан намуда, саҳми адиб ва рӯзноманигори варзидаро дар пешрафти адабиёт ва журналистикаи тоҷик назаррас арзёбӣ карданд. Гуфта шуд, ки номбурда солҳои зиёде дар матбуот кор карда, чанде муҳаррири рӯзномаи Ёвон, мудири шуъбаи рӯзномаи вилоятии Хатлон, сармуҳаррири редаксияи мусиқии телевизиони ҷумҳурӣ ва мудири шуъбаи нақди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» будааст.

Маҳсули қаламаш дар китобҳои «Дастниҳол», «Сунбула», «Боғи мурод», «Нози Наврӯз», «Чароғи рӯзадор», «Хайрбоди баҳор» ва чандин маҷмӯаҳои дастҷамъӣ нашр шудааст. А. Муродӣ соли 2005 барои китоби «Хайрбоди баҳор» сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Чанде пеш шоири маҳбуб Алимуҳаммад Муродӣ ба унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Ин унвони баландро ба адиби ширинкалом муборакбод гуфта, барояш тансиҳатию сарбаландӣ ва илҳоми саршор орзумандем.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш