Нашрияи Омӯзгор

Инсоф - оинаи ахлоқи инсон

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 36        Шарҳ: 0

 

Ахлоқу инсоф бо ҳам пайвастагии зич доранд. Ахлоқи инсонро аз хислатҳои ҳамидаи ӯ, муоширати хубаш, рафтору кирдори самимиаш ва бофарҳангу бомаърифат будани ӯ  мушоҳида кардан мумкин аст. Инсоф дар луғат маънои нисф кардан, ду тақсими баробар кардан, адлу дод ва ростиву росткорӣ кардан аст.

«Инсофдорӣ, баракат-дорӣ», – гуфтаанд, ки ҳикмате барҳақ аст.

Мо дар замоне зиндагонӣ мекунем, ки ҳама ҷо сулҳу субот, оромӣ ҳукмфармост. Садои хандаи кӯдакон танинандоз, дастурхони мардум пур аз нозу неъмат ва ризқу рӯзӣ фаровон аст. Дар ин муҳит мо бояд боинсоф, солору ботамкин бошем. Ин баракати зиндагиамонро таъмин менамояд.   Дар   урфият   мегӯянд,  ки шахси   боинсоф меҳрубон ва ҳалолкор аст. Ба қавле дигар, имон доштан боинсоф будан аст.  Он чиро, ки давлату шариат талаб мекунанд, риоя намекунем. Барои боинсоф будан, моҳияти ин ганҷро донистан ва иродаи қавӣ доштан лозим аст. Заҳмати мақсадноку самимӣ ва инсоф ба ҳамаи мавҷудоти зинда ва коркарду истеъмоли сарватҳо ҷаҳонро гулистон мегардонад. Инсоф ва ахлоқи ҳамида инсониятро аз бисёр нокомиҳо мераҳонад. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар инсон инсофро ҳамчун амали муҳими зиндагонӣ дониста  дар олами башар содиқу софдилона умр ба cap барад. Чун омӯзгор ҳастам, мекӯшам насли ояндасози  миллатамро дар рӯҳияи адлу инсоф, ростгӯию ростқавлӣ ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоям.

 

Нурия Мирзоева,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш