Нашрияи Омӯзгор

Монеаҳои рушди илмҳои дақиқ

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 37        Шарҳ: 0

 

Эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” усулан чаҳор ҳадаф дорад:

Якум, ҳадафи илмӣ - маърифатӣ;

Дуюм, ҳадафи тарбиявӣ;

Сеюм, ҳадафи таълимӣ;

Чаҳорум, нигаронӣ аз ислоҳоти соҳаи маориф.

 Шарҳи ҳадафи аввал (ҷанбаи илмӣ): Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба таври эътимодбахш собит кард, давлатҳои рӯ ба рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ оварда, давлатҳои пешрафта мебошанд. Масалан, Ҷопон баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон зиёда аз ҳаштод дар сади даромади умумии миллиашро ба бахши маориф сарф намуда, дар қатори ҳафт давлати аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон шомил шуд.

Ҷанбаи маърифатӣ: Моро зарур аст, ки дар муддати бист соли оянда маърифати (тафаккури) техникӣ ва технологии ҷавонону наврасонро баланд бардорем.

Ҳадафи дуюм: Агар мо таълими илмҳои дақиқ ва табиатшиносиро дуруст ба роҳ монем, шиддати хурофот ва хурофотпарастӣ хеле коста мегардад. Зимнан, хурофот зуҳуроти басе хавфнок буда, рушди он, қабл аз ҳама, теша ба решаи маориф мезанад. Агар шогирдони мо аз илмҳои дунявӣ, аз илмҳои табиатшиносӣ огоҳии комил дошта бошанд, ҳеҷ гоҳ ба таассубгароӣ майл намекунанд ва ба гурӯҳҳои тундрав низ шомил намешаванд.

 Ҳадафи таълимӣ: Яъне, ки таълими илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Воқеан, таълими илмҳои мазкур дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, ҳатто чил дар сад ҳам ба талаботи замони нав ҷавобгӯ намебошад.

Ҳадафи ҷаҳорум: Ин нигаронӣ аз ислоҳоти соҳаи маориф мебошад. Ислоҳоти дар низоми маорифи миллӣ роҳандозӣ намудаамон бахши маорифро такони ҷиддӣ надод. Албатта, дастовардҳо ҳастанд, аммо ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намебошанд. Аз ин рӯ, ба андешаи ман, мо ба як модели маорифи миллӣ, ки ба давлати миллии мо созгор бошад, ниёз дорем.

Акнун мехоҳам таваҷҷуҳи хонандагонро ба баъзе омилҳое ҷалб намоям, ки ба рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ монеа эҷод мекунанд.

Якум: Омили аз ҳама асосӣ омили инсонист! Ин, пеш аз ҳама, омӯзгорони варзида, соҳибтахассус, дорои касбияти баланд ва корозмуда мебошанд. Ба мо омӯзгороне лозиманд, ки дониши хуби касбӣ дошта, масъулиятшинос бошанд. Хулоса, барои он ки дар бист соли оянда ба ҳадаф бирасем, бояд ҳатман масъалаи омода кардани омӯзгорони варзидаро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Вагарна дар 20-солу 30-сол ҳам ба ҳадаф нахоҳем расид!

 Дар робита ба ин мавзӯъ ду пешниҳод дорам:

Якум. Барои хонандагоне, ки дар зинаи сеюми таҳсилот хоҳиши идомаи таҳсилро доранд, аттестатсияи ҳатмӣ ҷорӣ карда шавад ва аз ҷониби комиссияи босалоҳият шаффоф гузаронида шавад. Танҳо хонандагоне ба идомаи таҳсил роҳ дода шаванд, ки аз аттестатсия баҳои “4”(хуб) ва “5”(аъло) мегиранд. Агар ин иқдомро роҳандозӣ кунем, минбаъд довталабони сустхон ба донишгоҳҳои омӯзгорӣ шомил намешаванд.

Дуюм. Дар байни донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва муассисаҳои таълимӣ робитаи доимӣ барқарор карда шуда, ҳамчунин, қарордодҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расонида шавад.

Омили дуюм. (Омили моддӣ). Ин омил ҳам омили асосӣ буда, барои рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ нақши ҳалкунандаро мебозад. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунам: Ба омӯзгороне, ки аз фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дарс медиҳанд, имтиёзҳо дода шуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардонида, музди меҳнаташон зиёд карда шавад.

 Омили сеюм. Ин зиёд кардани соатҳои дарсии фанҳои номбурда мебошад. Масалан, дар синфҳои 7, 8, 9 барои таълими фанни геометрия дар як ҳафта як соат ҷудо карда шудааст. Магар бо як соат дар давоми ҳафта геометрияро таълим дода мешавад? На, намешавад! Ҳатто даҳ дар сади маводи китоби дарсиро ҳам гузаштан номумкин аст. Ба ин хотир, пешниҳод мекунам: Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ соатҳои дарсии фанни математика дар синфҳои 5-11 дар як ҳафта шаш соат муқаррар карда шавад. Ин пешниҳод ба фанҳои дигар (манзур, дақиқ ва табиатшиносӣ) низ дахл дорад.

Омили чорум. Ин масъалаи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимист. Пешниҳод мекунам: Китобҳои дарсии мавҷуда, ки солҳои қаблӣ навишта шудаанд, такмил ва таҳрир карда шуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ навишта шаванд.

Омили панҷум. Дар синфхонаҳо аз меъёр зиёд будани хонандагон мебошад. Пешниҳод мекунам, ки теъдоди хонандагон дар синфхонаҳо дар ҳадди меъёр нигоҳ дошта шавад.

Омили шашум. Ин ташкил кардани кабинетҳои машваратӣ дар назди донишкадаҳои такмили ихтисоси тамоми қаламрави ҷумҳурӣ мебошад. Ин омил барои баланд бардоштани касбияти омӯзгорон ва савияи худомӯзии онҳо кумаки амалӣ хоҳад расонд. Кабинетҳои мазкур, бояд ҳамарӯза, ба ғайр аз рӯзҳои истироҳатӣ фаъолият намоянд.

 Омили ҳафтум. Хонандагоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ бо баҳои “5” (аъло) таҳсил мекунанд, дар донишгоҳҳои омӯзгории қаламрави ҷумҳурӣ бе супоридани имтиҳони дохилшавӣ (тариқи суҳбат) қабул карда шаванд.

 

Мирзоалӣ СОДИҚОВ,

омӯзгор,

Аълочии маорифи Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш