Нашрияи Омӯзгор

Садоқатпеша

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 59        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Темурмалик собиқадорони соҳаи маориф, ки ҳаёти хешро сарфи таълиму тарбияи фарзандони халқ намуда, ба эҳтироми онҳо сазовор гардидаанд, кам нестанд.

Бегмурод Кӯчаров аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки зиёда аз ним аср боз дар ноҳия ба касби пуршарафу пурмашаққати омӯзгорӣ машғул аст.

Аз хурдӣ ба омӯхтани забони русӣ шавқи беандоза дошт. Аз ҳамин сабаб соли 1967 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, ба факултаи забон ва адабиёти рус супорида, соли 1972 донишгоҳро хатм намуд. Солҳои 1972-1973 дар мактаби деҳаи Қиблаӣ фаъолият намудааст. Баъд аз хизмати аскарӣ аз соли 1974 то соли 1998 дар мактаби №1, аз соли 1998 то соли 2004 дар мактаби варзишии ноҳия кор кардааст. Аз соли 2005 то ҳол дар мактаби №1 фаъолият дорад.

Соли 1987 гурӯҳи тафтишотии Вазорати маориф бо сардории муовини вазир Бозгул Додхудоева ба мактаби №1 барои санҷиш меояд. Донишу заковат ва маҳорату истеъдоди омӯзгори пуртаҷриба Бегмурод Кӯчаров аз мадди назари санҷишгарон дур намемонаду ҳамон сол хизматҳои шоёни ин омӯзгори асил ва фидоии соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ мешавад. Солҳои зиёдест, ки шогирдони омӯзгор дар олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Шогирдони устод дар бисёр вазифаҳои масъули сатҳи ҷумҳурӣ фаъолият доранд ва барои рушди соҳаи маориф ва шукуфоии меҳани азизамон кӯшишу заҳмати беандоза менамоянд. Бегмурод Кӯчаров маълумоти варзишӣ низ дорад. Шогирдонаш якчанд маротиба дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар мусобиқаҳои шоҳмотбозӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол намудаанд. Хизматҳои шоёни ӯ дар соҳаи варзиш бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Устод қобилияти хуби роҳбарӣ дошта, 17 сол ҳамчун муовини директор оид ба корҳои таълим кор кард ва баъд чандин соли дигар иҷрои вазифаи директори мактаби №1-ро ба уҳда дошт.

Айни ҳол устод Бегмурод Кӯчаров дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад. Дар ҳаёти  шахсӣ низ муваффақ буда, соҳиби ҳамсари мушфиқу меҳрубон ва фарзандони донишманду меҳнатдӯст мебошад.

 

Сабоҳат Урозова,

муовини директор оид ба корҳои

таълим ва тарбияи мактаби №1, ноҳияи Темурмалик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш