Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикистон дар пешорӯи интихобот

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 40        Шарҳ: 0

 

Меҳру самимият ва ихлосу эътиқоди мардуми шарифи Тоҷикистон ба сиёсати хирадмандона, оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маъниву моҳияти амиқу созанда пайдо кардааст.

Даврони озодиву истиқлол ва рӯйдодҳои нотакрори он чашми мардуми моро ба замон, дастовардҳо ва ободии кишвар боз кард. Дар Тоҷикистон дарки тафаккури миллатсозӣ ба марҳалаи ниҳоӣ хуб расида, баргузории интихобот барои рушду ташаккули маърифати сиёсии мардуми кишвар мусоидат менамояд.

Имрӯз фарзанди фарзона, сиёсатмадори барҷаста ва бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон симои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва рӯ ба рушдро тамоман дигар, бо рангу хосияти назаррасу дилпазир  муаррифӣ кард.

Натиҷаи хидматҳои бузург, содиқона ва бебозгашти ин фарзанди соҳибнуфузи тоҷикон дар назди Ватан буд, ки  ба ин фидокориҳо халқу миллати тоҷик баҳои сазовор дода, аз он ифтихор доранд, ки Офаридгор шахси шуҷоъ, далер, фидокор, хидматпеша ва маърифатпарварро ба бахти онҳо сазовор донистааст. Ба фазои раҳбарии сиёсӣ омадани шахси муносибу арзанда, албатта, натиҷаи раванди чашмрасу бебозгашти эътирофи сулҳу кафолати осоиштагӣ дар таърихи кишвар ва пешбурди ҷомеаи фарҳанггустар мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бино ба омори иқтисодиву иҷтимоӣ сол ба сол рушд меёбад. Имрӯз барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайян, таҳияи стратегияву барнома ва нақшаҳои дурнамои гуногуни дорои арзишу аҳамияти аввалиндараҷа дар сатҳи баланди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба роҳ монда мешаванд. Мақомоти раҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди бебозгашти сиёсату иқтисод ва фарҳанги миллӣ имконияти муносиб фароҳам меоварад. Бо мақсади амалӣ намудани тадбирҳои созандаву муассир доир ба муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда барои ҳар шаҳрванд ва инкишофи озодонаи ҳар як фард хизматҳои барҷастае анҷом ёфта истодаанд.

Маъракаи интихоботи прези-дентӣ ва интихоби номзади шоиста имрӯз рӯйдоди назаррасест, ки дар як марҳалаи ҷиддии барои миллат чашмрас амалӣ мегардад. Ворид шудани Тоҷикистон ба давраи нави созандагӣ имкони хуб фароҳам меоварад, ки дар самти рушду пешрафти  кишвар иқдому ташаббусҳои неке ба миён оянд.

Интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи барҷастаи сиёсӣ буда, барои ташаккули афкори иҷтимоии мардум мусоидат менамояд.

Ҷамшеди КОМРОН,

устоди ДДХ ба номи 

академик Б.Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш