Нашрияи Омӯзгор

Оғози фаъолияти  «Академия Контакт Интернэшнл»

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 16        Шарҳ: 0

 

Ба ифтихори  29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара нахустин муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академия Контакт Интернэшнл» ба фаъолият шурӯъ намуд.

Муассисаи мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нарзуллоҷон Ӯлмасов таъсис дода шудааст.

«Академия Контакт Интернэшнл» дорои муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ буда, аз 13 ҳуҷраи муҷаҳҳази фаннӣ, ҳуҷраи компютерӣ бо 12 адад компютер, синфхонаҳо барои гурӯҳи омодагӣ ба мактаб ва синфҳои ибтидоӣ, ки ҳар яке аз ҳуҷраҳои фаннии дорои лавҳаҳои электронӣ, тахтаи пластикӣ ва проектор иборат мебошанд, ташкил карда шудааст.

Таълимгоҳ, ҳамчунин, дорои китобхона, ошхона бо 120 ҷойи нишаст, толори муосири варзишӣ, хобгоҳ барои 60 толибилм ва устохонаи таълимӣ мебошад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш