Нашрияи Омӯзгор

Роҳандозии кори санҷишӣ муҳим аст

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 52        Шарҳ: 0

 

Мақсади санҷиши дониши хонандагон ба он равона гардидааст, ки омӯзгорон бояд муайян кунанд, то кадом дараҷа мавзӯъҳои дарсиро хонандагон азхуд кардаанд, оё баҳоҳои дар журнали синфӣ гузошташуда бо натиҷаи санҷиш мувофиқат мекунанд ё не? Дар истилоҳи муосир ин амалро «мониторинг» меноманд.

Айни замон дар амалияи педагогӣ аз шаклҳо ва методҳои гуногуни санҷиши дониши хонандагон истифода мебаранд: гузаронидани корҳои мустақилона ва контролӣ (ё назоратӣ), диктантҳои математикӣ, тестҳо, саволу ҷавобҳои шифоҳӣ ва ғайраҳо. Ҳоло ки асри технологияҳои информатсионӣ мебошад, ҳамагон бояд бо истифода аз дастовардҳо дар ин самт ба таъмини объективияти санҷиши дониш аҳамияти хоса дода, объективияти натичаҳои салоҳиятҳои фанниро таъмин намоем. Объективияти санҷиши донишро шаффофият ё ҳаққоният низ меҳисобанд. Методика ва технологияи анъанавии ҷории амалкунанда оид ба гузаронидани корҳои мустақилона ва контролӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯй нестанд. Аввалан, методикаи анъанавӣ объективияти санҷиши дониши хонандагонро пурра таъмин намекунад. Баъдан, вақти зиёдро ҳам ҳангоми ташкилу гузаронидан ва тафтиши дастӣ талаб мекунад.

Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, омӯзгорони фаннӣ дар ҷараёни гузаронидани корҳои санҷишӣ аз фанни математика дар синфи 6-ум ба мушкилиҳои зиёд дучор мегарданд. Яке аз сабабҳои ба ин мушкилиҳо дучор гардидан, пеш аз ҳама, набудани барномаҳои компютерӣ барои гузаронидани корҳои санҷишӣ ва арзёбии объективонаи салоҳияти хонандагон аз ин фан мебошад. Зеро барномаҳои компютерӣ, дуруст истифодабарии онҳо ва ёрии компютерӣ ба муаллим кори онҳоро хеле сабук мегардонанд. То кадом дараҷа азхудкунии салоҳиятҳо аз тарафи хонандагонро зуд мефаҳмем ва хулосабарорӣ менамоем.

То ҷое, ки мо маълумот дорем, айни замон чунин барномаи компютерие сохта нашудааст, ки ба арзёбии салоҳиятҳо оид ба зарбкунандаҳои сода ҷудо кардани адади натуралӣ бахшида шуда бошад ва объективияти арзёбии дониши хонандагонро таъмин мекарда бошанд. Айни замон омӯзгорони фаннӣ ба чунин ёрии компютерӣ ниёз доранд. Барномаи компютерӣ ба хонандагон бояд ададҳои таркибиро пешниҳод кунад, то хонандагон онро ба зарбкунандаҳои сода ҷудо карда тавонанд. Оид ба сохтани чунин барномаҳо мо маводи зиёде нашр кардаем ва методе, ки бо истифода аз он ин барномаҳо сохта шудаанд, номи “Методи Пӯлод”-ро дорад. Бо истифода аз ин метод барномаи компютерии кори санҷиширо оид ба ададҳои сода месозем. Аз забонҳои барномасозӣ забони барномасозии PascalABC.Net –ро интихоб мекунем.

Бо мақсади аз тарафи хонанда дохил намудани зарбшавандаҳои сода ва ададҳои ҳосилшаванда ба барнома, дар ин барнома аз ҷузъи идоракунии додаҳои ҷадвалии DataGridView истифода кардаем. Хонанда ададро дар дафтараш навишта, онро ба зарбкунандаҳои сода ҷудо мекунад. Баъдан дар катакҳои мувофиқи ҷузъи идоракунии додаҳои ҷадвалии DataGridView онро тариқи дастӣ дохил мекунад. Айнан ҳамин тавр адади дуюмро ба зарбкунандаҳои сода ҷудо карда, баъдан дар катакҳои мувофиқ тариқи дастӣ дохил мекунад. Барои маълум намудани дурустии ҷавобҳои дохил кардашуда тугмаи муайяни амриро пахш мекунад. Дар расми 1 намунаи супориши аз тарафи хонанда иҷро кардашуда оварда шудааст.

Расми 1

Тавре аз расми 1 аён аст, хонанда супориши якумро хато иҷро кардааст, зеро баъзе катакҳои он бо ранги сурх рангрезӣ карда шудаанд, яъне, хатоҳо. Супориши дуюмро дуруст иҷро кардааст ва ранги рангрезӣ шудаи ҳама катакҳояш сабз аст. Ин метод ба омӯзгори фаннӣ имкон медиҳад, ки аз дур (аз ҷои нишасташ) мушоҳида ва назорат намояд, ки кадом хонанда супоришҳоро дуруст иҷро карда истодааст ва то кадом дараҷа салоҳиятҳои мавзӯиро аз  худ намуданд. Ин аз як тараф сифати таълимро баланд бардошта, аз тарафи дигар, ба омӯзгори фанни математика сабукиҳо фароҳам меорад. Тарафи дигар ва навгонии илмии «Методи Пӯлод» ва барномаи сохташуда он аст, ки ба ҳар як хонанда супоришҳо тариқи фардӣ пешниҳод шуда, объективияти арзёбии дониш ва салоҳиятҳои хонанда таъмин карда мешаванд.

Расми 2

Супоришҳои дигари кори санҷишӣ ба ёфтани КТУ ва ХКУ ва ба махраҷи умумии хурдтарин овардани ду касри одӣ равона гардидааст. Намунаи шакли муколамагии барномаи сохташуда бо инъикоси ҳама супоришҳо ва тугмаҳои амрӣ дар расми 2 оварда шудааст. Аз кадом супориш метавон иҷрои кори санҷиширо оғоз кард, ягон фарқе нест ва хонанда худаш мустақилона интихоб менамояд. Сатҳи супоришҳо ба ҳама хонандагон якхела аст. Бинобар гуногунии ададҳо ҷавобҳои супоришҳо гуногун мешаванд. Ин ба хонандагон имкони аз ҳамдигар рӯйбардоркунии роҳи ҳал ва ҷавобҳоро намедиҳад. Натиҷаи иҷрои супоришҳоро ҳар як хонанда зуд мебинад ва хулоса мебарорад. Барномаи сохташударо омӯзгорони фанни математика дар синфи 6-ум метавонанд барои гузаронидани кори санҷишӣ доир ба мавзӯи ададҳои сода истифода баранд.

Аҳтам НАЗАРОВ,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии ДДОТ ба номи С.Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш