Нашрияи Омӯзгор

Ғолибон соҳибҷоиза шуданд

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 38        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Хуҷанд маросими ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Сармутахассиси шуъбаи фарҳанги шаҳр Набиҷон Ҷӯразода қайд намуд, ки даври аввали озмуни номбурда  бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва шахсони касбу кори гуногун дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят, идораву корхонаҳо, маҳаллаҳо бо як шукӯҳу шаҳомати хосса гузаронида шуд. Дар ин давра довталабони зиёд ширкат варзида, ғолибон баъди натиҷагирӣ ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

23-24-уми июли соли равон дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмун баргузор гардид, ки дар он 72 довталаб фаъолона ширкат варзиданд.

Комиссияи босалоҳияти озмун беҳтаринҳоро муайян намуд. Шоҳҷоиза насиби донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Зебо Муллобоева гардид. Ғолибон бо диплом, маблағ ва туҳфаҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида шуданд.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш