Нашрияи Омӯзгор

Саразм - Помпеи Шарқ

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 31        Шарҳ: 0

 

Саразми бостонӣ ифтихори тамоми мардуми тоҷик буда, ин ёдгории беназири таърихӣ миллати моро ҳамчун меросбари яке аз тамаддунҳои куҳан ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо зиёиёни мамлакат таъкид доштанд, ки “Водии зебоманзари Зарафшон, дар маҷмӯъ, яке аз қисматҳои асосии сарзамини Суғд ба шумор мерафт, ки ин гуфтаҳоро таърихи шашҳазорсолаи Саразм ва Панҷакенти қадим собит месозад. Ва беҳуда нест, ки дар асоси омӯзиши мероси бузурги таърихиву фарҳангӣ ва меъмориву шаҳрсозии суғдиёни қадим як зумра муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ Панҷакентро “Помпеи Шарқ” ва “Флоренсияи хурд” номидаанд, ки ин, бешубҳа, боиси ифтихори мардуми тоҷик аст”. 

Таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ имконият фароҳам овард, ки муаррихон ва бостоншиносон ба шинохти ин ёдгории беназири таърихӣ бо диду назари нав ва тоза, андешаи дигар шурӯъ намоянд.

Олимону устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вобаста ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, аз ҷумла, ду маҷмӯаи бузургҳаҷмро таҳти унвони “Саразм – ганҷинаи тиллоии тамаддуни тоҷикон” ва маҷмӯаи дуюмро зери унвони “Саразми бостон, Панҷакенти қадим ва навин” бо ҳамкории шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба нашр омода намуданд.

Дар донишгоҳ бо ташаббуси устодон конфронсҳо, ҳамоишҳои илмӣ, мизҳои мудаввар баргузор гашта, дар онҳо ҷанбаҳои гуногуни таърихи бозёфт, омӯзиш ва таблиғу ташвиқи ин ёдгории нодир мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шуданд.

Дар робита ба ҷашн, дар семинарҳои илмӣ-назариявӣ, илмӣ-методӣ, маҳфилҳои донишҷӯён мавзӯи Саразм дар меҳвари маърӯзаҳо, гузоришҳои илмӣ қарор гирифта, донишҷӯён доир ба ин ёдгории беҳамто корҳои курсӣ, рисолаҳои хатми дараҷаи бакалавр ва магистрии худро ба анҷом расониданд.

Тавассути васоити ахбори умум-телевизион ва радио чандин намоишу маҳфил ва гуфторҳо баргузор гашта, Саразм ҳамчун ёдгории беназири кишоварзӣ, ҳунармандӣ, шаҳрсозӣ дар байни мардум таблиғу ташвиқ гардид.

Яке аз натиҷаҳои назарраси фаъолияти олимони донишгоҳ дар омӯзиши Саразми бостонӣ иштироки бевоситаи муҳаққиқону донишҷӯёни факултаи таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ якҷо бо олимони Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар ҳафриёти бостоншиносӣ мебошад.

Донишҷӯён таҳти роҳбарии устодони худ бори нахуст бо ҳафриёт машғул гашта, алифбои илми бостонишиносиро азхуд намуда, донишҳои назариявиашонро дар амал татбиқ намуданд. Дар ҷараёни ҳафриёт донишҷӯён тамоми нозукиҳои ҳафриёт, услуби тадқиқот, кор кардан бо бозёфтҳои археологӣ, тоза кардани бозёфтҳо, услубу шеваи таснифоти (классификатсияи) мадракҳои бадастомадаро омӯхтанд. Ҳамчунин, бостоншиносони ҷавон аз тарзи истифодаи таҷҳизоти муосири бостоншиносӣ воқиф гардиданд.

Таҷрибаомӯзӣ дар сатҳи баланди илмӣ-амалӣ гузашта, барои донишҷӯён мактаби шавқовар ва муҳими илмӣ гардид. Дидани ёдгории нодири Саразм, иштироки бевосита дар ҳафриёт барои донишҷӯён ҳодисаи хотирмон ва фаромӯшношуданӣ буд.

Имсол низ тибқи нақша 50 нафар донишҷӯ дар ду марҳила аз 1 то 12 август ва 22 август - 1 сентябри соли 2020 дар ҳафриёти Саразм ва тармиму таъмири объектҳои археологӣ иштирок карда, дар омодагӣ ба ҷашни 5500 - солагии  Саразми бостонӣ саҳми муносиби худро гузоштанд.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,

доктори илмҳои таърих,

профессор, ректори

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш