Нашрияи Омӯзгор

Рушди илму маориф дар замони соҳибистиқлолӣ

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 73        Шарҳ: 0

 

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва дастоварди муҳимму нодир барои миллати тоҷик ба ҳисоб меравад ва ин санаи таърихӣ дар саҳифаҳои таърихи миллат бо сатрҳои заррин сабт шудааст. Ҳодисаи солҳои аввали соҳбистиқлолӣ собит намуд, ки аз ба даст овардани истиқлолият ҳифзи дастовардҳои он мушкилтар аст.

Гарчанде ки истиқлолият баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба осонӣ ба даст омад, вале нотавонбинону хоинони миллат аз халои сиёсӣ истифода намуда, бо амалҳои хиёнаткорона кишварро гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ карданд, ки дар натиҷа пояҳои иқтисодии мамлакат заиф гардида, ҳазорҳо бинову корхона харобу валангор ва миллионҳо нафар сарсону саргардону бехонумон шуданд, ки ин омил ба шароити таълиму тарбия низ таъсири манфӣ расонд ва қисме аз муассисаҳои таълимӣ хароб гардиданд. Дар ин давраи ҳассос оне, ки ҳастии хешро баҳри таъмини сулҳу ваҳдат дар кишвар бахшиданд, фарзонафарзанди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Раиси Шӯрои Олӣ ва сипас, Президенти кишвар интихоб шуданд ва бо ҷасорату ҳисси баланди ватандӯстӣ ба майдони корзор ворид шуда, чандин маротиба ҷони хешро дар хатар гузошта, бо мухолифин дар лаҳзаҳои ҳассос ҳамсуҳбат гардидаву баҳри таъмини сулҳу субот дар кишвар пайваста талош намуданд. Сарвари давлат дар Муроҷиатномаи нахустини хеш ба мардум ваъда доданд, ки: «Ман ё дар Тоҷикистон сулҳро барқарор менамоям ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам». Воқеан ҳам, дар ин давраи барои Ватану миллат сарнавиштсоз Пешвои миллат ба азми хеш содиқ монданд ва бо ҷасорату матонат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар кишвари ҷангзадаамон сулҳу ваҳдатро пойдор намуданд.

Имрӯз ба ҳар гӯшаву канори мамлакат сафар намоем, мебинем, ки корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром идома дошта, тадриҷан симои кишварамон дигаргун мегардад ва сатҳи зиндагии мардум низ торафт баланд мегардад. Роҳҳои ҳамвору ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шудаву мардум тамоми фаслҳои сол метавонанд ба гӯшаву канори мамлакат сафар намоянд. Роҳ пайвандгари наслҳову қалбҳо ва василаи муҳими дӯстиву ҳамбастагии мардум аст.

Бо дастури Пешвои миллат ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти гуногун сохта ба истифода дода мешаванд, ки ба рушди бештари минтақаҳои кишвар  муосидат мекунанд ва соли оянда ин ҷашни бошукӯҳи миллӣ дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои шоиста таҷлил хоҳад шуд. Дар ҷумҳурӣ се ҳадафи стратегии мамлакат - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ амалӣ гардидаву ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар идома дорад ва дар наздиктарин фурсат Тоҷикистон ба як кишвари пешрафтаи саноативу аграрӣ табдил хоҳад ёфт.

Ин маврид мехоҳем як назари иҷмолӣ ба рушди соҳаҳои илму маориф дар замони истиқлол намоем.

Дарвоқеъ, дар  замони соҳибистиқлолӣ дар баробари соҳаҳои дигар, Пешвои миллат ба соҳаи маорифи кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро ҳамчун соҳаи меҳварии давлат пазируфтанд ва таъкид доштанд, ки  «Маориф омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст». Бояд гуфт, ки аз коргари одӣ то мутахассии сатҳи олӣ тарбиятдидаи мактаб аст.  Аз ин рӯ, аввалин иқдоме, ки дар ин замина амалӣ гардид, пайваста зиёд намудани маблағгузорӣ ба соҳа  ва баланд бардоштани маоши устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ буд. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар замони истиқлол вусъати тоза пайдо намудаву ҳамасола даҳҳо муассисаҳи таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд ва пояҳои моддиву техникии дигар муассисаҳои таълимӣ азнавсозӣ мегарданд.

Дар солҳои аввали истиқ-лолият ба  мустаҳкам намудани меъёрҳои ҳуқуқии таълиму тарбия корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Масъалаи таҳсил дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид шудааст. Инчунин,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки заминаҳои ҳуқуқии таълиму тарбияро мушаххас мекунад. Оид ба зинаҳои таҳсилот низ қонунҳои алоҳида ба тасвиб расиданд, ки ҷанбаи ҳамаи зинаҳои таҳсилотро таҳким мебахшанд.

Пешвои миллат пайваста ба масъалаи баланд бардоштани маърифати хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Соли дуюм аст, ки бо дастури Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ мегардад. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоляти давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм 30 ҷилд асари адибони тоҷик ва боз як силсила китобҳои пурмуҳтаво чоп гардид.

Иқдоми дигари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табитшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аст, ки ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар иртиботи қавӣ дорад. Воқеан ҳам, кишвари азизи мо дорои сарватҳои зиёди табиию маданӣ мебошад, ки ба коркарду истеҳсоли онҳо мутахассисони илмҳои табиию дақиқ зарур аст.

Таъсиси Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти мусоид барои довталабон ба вуҷуд овард. Дар замони истиқлол имрӯз теъдоди мактабҳои олӣ ба 40 адад расид. Сол то сол таваҷчуҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба мактабҳои олии кишвари мо меафзояд.

Ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи маориф бо кишварҳои хориҷӣ тадриҷан рушд меёбад ва дар асоси шартномаҳои тарафайн беш аз 35 ҳазор шаҳрванди тоҷик  дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Ҳамасола дар асоси Стипендияи байналмилалии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон - «Дурахшандагон» низ  аз рӯйи ихтисосҳои ба хоҷагии халқи мамлакат зарурӣ довталабони фаъолу соҳибистеъдод ба донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ илми тоҷик низ рушд ёфта,  ҳамкориҳои илмӣ бо аксар кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ шудааст, ки муҳаққиқони  тоҷик дар асоси шартномаҳои тарафайн баҳри татбиқи натиҷаҳои амалии дастовардҳои илмиашон фиристода мешаванд. Муҳаққиқони варзида аз ҷониби Ҳукумати  ҷумҳурӣ пайваста ҳавасманд гардонида мешаванд. Таъсиси Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ва Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ аз ҷумлаи ин иқдомҳост, ки ҳамасола ба олимони ҷавон супорида мешавад.

Таъсиси Комиссияи олии аттестсатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоидро ба вуҷуд овард, ки теъдоди зиёди пажӯҳишгарон ба таҳқиқ ҷалб карда шуданд ва ба ин васила, тадриҷан илми тоҷик рушд кардаву забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм эътироф хоҳад шуд. Дастовардҳои илмии кишвар дар замони истиқлол назаррас буда, дар ин самт корҳои илмиву таҳқиқотӣ бо маром идома доранд.

Дарвоқеъ, истиқлолият ба рушди соҳаҳои илму маорифи кишвар мусоидат кард ва моро зарур аст, ки аз имконоти мусоид ҳадафмандона истифода намуда, баҳри рушди босуботи кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми босазо гузорем.

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш