Нашрияи Омӯзгор

Шаъну шарафи миллат

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 32        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сар то сари мамлакат корҳои ободонию созандагӣ дар сатҳи баланд ҷараён доранд. Таи 29 соли Истиқлолият Тоҷикистони азизи биҳиштосо ва мардуми сарбаланди он ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ ноил гардиданд.

Пеш аз ҳама, дар  ин давра кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, ба     давлатҳои зиёди  ҷаҳон  робитаҳои гуногунҷабҳа ба роҳ монд. Мавриди истифода қарор гирифтани роҳҳои мошингарди Душанбе- Чаноқ (тавассути нақбҳои  Истиқлол ва Шаҳристон), Душанбе - Кӯлоб низ аз комёбиҳои бузурги ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд. Таъмиру азнавсозии роҳҳои  Айнӣ- Панҷакент, Душанбе –Ҳисор идомаи ин корҳои созандагӣ  ва бунёдкорӣ  маънидод мешаванд. Мавриди  қайд аст, ки дар солҳои истиқлоли кишвар дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дигаргуниҳои азиме ба вуқӯъ пайвастанд, ки аз онҳо мардуми кишвар хеле шукргузоранд. Ин навгонию пешравиҳо маҳз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати  мамлакат ба  даст омадаанд. Ҳамзамон, бунёду таъмир ва  азнавсозии садҳо муассисаи таълимӣ  ва томактабӣ, майдончаҳои варзишӣ,қасрҳои фарҳангу боғҳои  истироҳатию фарҳангӣ,сохтмони биноҳои баландошёна дар  аксар шаҳру навоҳии мамлакат гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Дар ин давра соҳаи маориф ба яке   аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар  мубаддал гашт. Иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ба маротиб афзоиш ёфта, нуфуз ва мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ баланд гардид, ки ин ифтихори мо, тоҷикон, мебошад. Кишвари мо зина ба зина ба мамлакати аграрию саноатӣ табдил меёбад ва ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад.

Истифодаи ду чархаи Неругоҳи барқи обии Роғун боз қадами бузурге дар роҳи истиқлоли мамлакати азизамон ба шумор меравад. Пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ончунон зебо ва дилрабо шудааст, ки ҳар бинанда мафтуни он мегардад.

То замони соҳибистиқлолии кишвар дар Тоҷикистон шумораи ками мактабҳои олӣ фаъолият доштанд. Имрӯз теъдоди онҳо зиёд гардида, инчунин, филиалҳои мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ дар пойтахт амал менамоянд, ки ин ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ миёни халқҳои мамолики сайёра ба аҳамияти муҳим доро мебошад. Ташаббусу пешниҳодҳои Президенти кишвари моро дар соҳаи об  Созмони Милали Муттаҳид хуш пазируфта, дастгирӣ намуд.

Ман ҳамчун омӯзгори таърих ва ҳуқуқ ба хонандагон доир ба сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Сардори давлат сухан гуфта,пайваста онро ҷонибдорӣ менамоям ва насли наврасро дар рӯҳияи  созандаи  Ватан ва пайравони Пешвои миллат будан таълим медиҳам.

 

Рӯҳафзо Миракова,

омӯзгори  таърих ва

ҳуқуқи мактаби № 51,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш