Нашрияи Омӯзгор

Сифатҳои китоб зиёданд

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 28        Шарҳ: 0

 

Беҳтарин ёвар, дӯст ва ҳамдами инсон китоб аст. Агар шогирдонамон китобдӯст шаванд, аз ҳар ҷиҳат пешқадам мешаванду дар зиндагӣ мавқеи намоён пайдо мекунанд.

Дар ҳар  15 рӯз як маротиба-рӯзи шанбе гузарондани маҳфили “Китобдӯстон” бар фоидаи кор аст. Ман ба падару модарон маслиҳат медиҳам, ки фарзандони худро ба рӯзномаву маҷаллаҳои бачагона обуна кунанд. Бешубҳа, рӯзномаву маҷаллаҳо низ дар ҳукми китобанд. Аз дӯконҳои китобфурӯшӣ ҳар гуна китобҳо харида, ба фарзандонаш диҳанду вақт ёфта мазмуни китобро пурсанд. Соати дароз китоб хондани кӯдак шарт нест, 20-25 дақиқа кофист.

Ба шогирдонам ҳамеша мегӯям, ки аз хондани китоб кас доно мешавад, доираи фаҳмишаш васеъ мегардад, дар роҳи ҳалли ҳар гуна мушкилот ва масъалаҳо дарнамемонад. Шахси китобхон навовару ихтироъкор ҳам мешавад. Ҷумлаҳои босаводонаи хуб менависад. Дар лавҳаи электронии маҳфил чунин навиштаҳо пайдо мешаванд. (Шогирдонамро водор месозам, ки ҳар як ҷумларо бо диққат хонанд):

Китобро тоза нигоҳ доред, онро бо дастони чиркин нагиред. Тайёр кардани китоб хеле душвор аст, меҳнати бисёр сарф мешавад. Китоб хазинаи дониш, беҳтарин дӯст ва ҳамдами одам аст.Одами хуб китобро дӯст медораду эҳтиёт мекунад.

Ман дар дохили китоб ҳар гуна чизро намегузорам, дар саҳифаҳояш хат намекашам, наменависам, онро қат намекунам. Аз китоб чизи даркориро ба дафтарам навишта мегирам. Бо дастони чиркин гирифтани китоб гуноҳ аст. Китобро даррондан осон аст, вале китоб навиштан ва сохтани он хеле вазнин мебошад. Китоб ихтирои бузург ва беҳтарини инсоният мебошад. Ба қадри ин ганҷи бебаҳо мерасем! Ман китобҳоямро дар рафҳои ҷевон ботартиб мегузорам.

Ба шогирдонам савол медиҳам:

-Мо чӣ кор бояд кунем?

Шогирде аз рӯйи лавҳаи электронӣ посух мегӯяд:

-Мо бояд китобро тоза нигоҳ дорем, бо дастони чиркин нагирем.

Ҳамин тавр, бо навбат шогирдон ба саволҳо ҷавоб мегӯянд ва ҷавоби якдигарашонро дар лавҳи хотир нигоҳ медоранд. Дар ҳамаи машғулиятҳои маҳфил, аввал, навиштаҳои ҳамин лавҳаро мехононам. Сипас, муҳокимаи китобҳои хондашуда оғоз меёбад. Бачагоне ҳастанд, ки беқаророна даст мебардоранд, то ки мазмуни китобча ё худ афсонаю ҳикояи аз маҷалла хондаашонро нақл кунанд. Дар ин лаҳза ҳаргиз саросема набояд шуд. Аввал аз духтарак ё писарак мепурсам, ки ҳикоя, мақола ва ё шеъри хондааш чӣ ном дораду муаллифаш кист. Баъд аз он қаҳрамони асарро мепурсам. Ман ба шогирдонам саволҳои зеринро медиҳам:

-Аз китоб чӣ ё худ кӣ ба ту маъқул шуд? –Барои чӣ маҳз Комил ба ту писанд омад? –Оё дар ҳаёти мо чунин воқеа рух медиҳад?

Пасон, шогирдон бо навбат ҳикояи хондаашонро нақл мекунанд, ман кӯшиш мекунам, ки нақлашон бо риояи меъёрҳои адабӣ ва буррову возеҳ бошад. Нақл кардани чизи мутолиашуда нутқи шогирдонро равону шево мегардонад.

Дар маҳфил гузарондани ҳар гуна бозиҳо низ шавқи шогирдонро нисбат ба китоб зиёд мекунад. Масалан, бозии “Кӣ ба китоб сифати зиёд меёбад?” нутқи шогирдонро равнақ мебахшад. Бачагон бо майли том чунин ибораҳо месозанд: китоби нав, китоби хушрӯ...шавқовар, ғафс, хурд, калон, ранга, куҳна, фарсуда, зебо,   расмдор, пурҳикмат, сурх, бузург, серварақ, дарсӣ...

Хуллас, мо дили шогирдонамонро аз хурдсолӣ нисбат ба китоб бояд гарм кунем.

 

Меҳрӣ Хоҷаева,

омӯзгори мактаби №40, ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш