Нашрияи Омӯзгор

Технологияи муосир дар дарс

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 32        Шарҳ: 0

 

Тибқи талаби замон муассисаҳои таълимӣ бояд шогирдонеро ба камол расонанд, ки ҳар кадом соҳиби маданияти олӣ ва нутқи фасеҳ бошанд ва баҳри рушди кишвар беҳтару бештар фаъолият намоянд.

Истифодаи технологияи ахборӣ – коммуникатсионӣ, компютер, шабакаи Интернет ва  технологияи мултимедӣ барои рушди тафаккури шогирдон чунин имкониятро фароҳам меоварад.

Таҳсилот соҳаи фаъолиятест, ки инкишофи он ҳамеша ба воситаҳои мухталифи ҷамъоварии иттилоот вобаста аст. Махсусан, дар соҳаи маориф истифодаи кинофилмҳо, дискҳо, фитаҳои сабти овоз, инчунин, технологияи  нави компютерӣ як ҷузъи таркибии раванди таълим ба шумор меравад. Мутахассисон чунин меҳисобанд, ки агар омӯзиш ва ё таълим ба воситаи технологияи информатсионӣ самаранок истифода шавад, компютер метавонад имкониятҳои дарккунии хонандагонро бештар намуда, ҳолати ҳушёрии дар зери таъсири атрофиён аз байн рафтаро барқарор намояд. Компютер метавонад ба ҳиссиёти хонандагон таъсир расонида, қобилияту маҳорати онҳоро сайқал диҳад.

Албатта, дар амалӣ намудани чунин талабот омӯзиши забони модарӣ ва таҳияи луғат тавассути компютер нақши муҳим дорад.

Таҳияи луғат барои бачаҳо ва омӯзиши адабиёти бадеӣ тавассути компютер дар ҳаёти маънавию моддии кӯдакон мақоми хоссае дорад. Адабиёти бадеӣ суханро зебу ороиш медиҳад, ба забон фасоҳату назокат мебахшад ва нутқро таъсирбахшу бурро менамояд. Инчунин, зеҳн, ақлу фаросат, фикрронӣ, муҳокима намудан, таҳлилу таркиб, маҳорати  ҷамъбасту хулоса баровардани хонандагонро такмил медиҳад.

Аз ин рӯ, истифодаи самараноки ҳар як жанри адабиёти бадеӣ: тезгӯяк, зарбулмасалу мақол, панду андарзҳо, афсонаю ҳикоя дар ҷараёни дарс барои инкишофи луғат, нутқи мураттаб ва тафаккури эҷодии кӯдакон аҳамият дорад.

Истифодаи воситаҳои техникӣ дар ҳар дарс ба омӯзгор имконият медиҳад, ки машғулиятҳояш ҷаззобу шавқовар ва самаранок гарданд. Яке аз талаботи дарси муосир ин аст, ки омӯзгор қабл аз шурӯи дарс дар зеҳни худ раванди онро ҳам назарӣ ва ҳам амалӣ тасаввур карда тавонад, то ин ки ҷараёни дарс дуруст танзим гардад.

Ташкили дарс бо технологияи навини таълим шавқовар ва диққатҷалбкунанда буда, завқи бачаҳоро нисбат ба омӯзиш афзун мегардонад.

Забони тоҷикӣ дар байни фанҳои таълим нақши махсус дошта, вазифаҳои гуногунро иҷро менамояд.

Он барои рушди тафаккур, изҳори андешаи шахсӣ, ташаккули муоширату муносибати иҷтимоӣ ва тасаввурот дар бораи ҷаҳон ва табодули фарҳанг чун воситаи асосӣ хидмат мекунад.

Баҳри самаранокии таълими фанни забони тоҷикӣ омӯзгор бояд ба технологияи педагогии муосир ва методу усулҳои самарабахши таълим рӯ оварда, муттасил дар дарсҳои худ онро татбиқ намояд. Чунки барои рушди нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони тоҷикии хонандагон технологияи педагогии муосири таълим ва методу усулҳои фаъол натиҷаи дилхоҳ дода метавонанд.

 

Мунира Тошматова,

омӯзгори мактаб-интернати давлатии шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш