Нашрияи Омӯзгор

Мактаби нав  дар шаҳри Турсунзода

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 73        Шарҳ: 0

 

Хонандагони муассисаҳои таълимии №29-и деҳаи Обшорон ва №69-и деҳаи Зиёраттути Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода соли нави таҳсилро дар биноҳои нави таълимӣ оғоз намуданд. 

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни ифтитоҳи биноҳои мазкур гуфт, ки биноҳои муассисаҳои таълимии №29 ва 69 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов ва фаъолони деҳаҳои Обшорон ва Зиёраттут сохта шуданд. Омӯзгоронро зарур аст, ки бо фароҳам сохтани чунин муассисаҳои замонавӣ ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳати татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф  тадбирҳои амалӣ андешанд.

Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 367 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ  ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда 180 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Инчунин, бо мақсади  фароҳам овардани шароити таҳсил ва ҳалли масъалаи  норасоии  ҷойи нишаст бунёди 83 синфхонаи иловагӣ ва 2 толори варзишӣ ҷараён дорад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш