Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба таълими фанҳои дақиқ

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 80        Шарҳ: 0

 

Рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ  ва табиатшиносӣ талаботи замони муосир ба шумор меравад. Имрӯз дар ҷаҳон ҳамоне пешсаф аст, ки фанҳои дақиқ ва табиатшиносию риёзиро эътироф намуда, барои пешрафти ин илмҳо ҳамаи корҳои заруриро анҷом додааст. Эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» шаҳодат аз он медиҳад, ки  давлати мо низ ба рушди ин фанҳо таваҷҷуҳи зиёд дорад. Саҳми Ал Хоразмию Хайём дар математика, Сино дар тиб, химия, физика, астрономия хеле назаррас буда дар тамоми ҷаҳон ин олимонро мешиносанду осори илмии онҳоро меомӯзанд. Ҳамчунин, дар ҷаҳон то ҳол ягон нафаре пайдо нашудааст, ки дар илми тиб аз Сино пеш гузашта бошад, ки ин боиси  ифтихори мост. Ин ҳама аз мо тақозои онро дорад, ки мероси гузаштагонамонро ҳифз намуда, сатҳу сифати донишу малакаи худро дар сатҳи аъло қарор дода, барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ҳамеша омода бошем.

Пешрафти  босуръати илму техника ва ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррасро ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати омӯзиши он талоши бештар намоянд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаи маориф таъкид доштанд, ки   масъулин  “назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”.

Барои дар сатҳи баланд тайёр намудани кадрҳои баланихтисос ва таҳкурсии мустаҳкам дошта  мо бояд аввал мушкилиҳое, ки  дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст, бартараф намоем. Яке аз мушкилиҳои аввалиндараҷа дар муассисаҳои мо нарасидани омӯзгорони баландихтисос  мебошад. Дар ҷумҳурии мо омӯзгорони баландихтисос бисёр аст, аммо бо сабаби кам будани маош дар муассисаҳои таҳсилоти миёна кор намекунанд. Ман боварии комил дорам, ки агар омӯзгор фикри ягон мушкилиро надошта бошаду  дар дарс ба хонандагон муносибати хуб намояд ва диққати онҳоро ба дарс ҷалб намояд ва дарсро мувофиқи талаботи стандарти барномаҳои байналмиллалӣ гузарад, дасти кам дар ҳар як синф зиёда аз 70% сатҳи дониш хуб мешавад.

Аз ин рӯ, якдилона ва самимона фаъолият намуда, бояд барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос неруи интеллектуалии худро дорем дареғ надорем.

Нусратбек Шомирзозода,

омӯзгори мактаби №1-и  ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш