Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти бавусъат мебояд

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 25        Шарҳ: 0

 

Дар  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ   дар соҳаи  илму маориф» эълон карда шуд. Ҳамчун омӯзгори собиқадори  математика  ин пешниҳоди Сардори давлатро хеле хуш пазируфтаам ва бо дигар ҳамкасбонам, ки аз фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ ба хонандагон таълим медиҳанд, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба дастовардҳои хуб ноил гардем. Зеро омӯхтани ин фанҳо  талаби замон   буда, бояд хонандагон ин фанҳоро аз синфҳои поёнӣ сар карда, то болоӣ  дар сатҳи баланд аз худ намоянд.  Ҳамчунин, амалӣ кардани ҳадафи чоруми стратегияи давлат - саноатикунонӣ аз донистани фанҳои дақиқ вобастагии қавӣ дорад. Аз ин лиҳоз, мо - омӯзгоронро зарур аст, ки дар таълими ин фанҳо аз методу усулҳои замони муосир пурсамар истифода барем.  Ба  хонандагон  тавассути бозиҳои математикӣ мавзӯъро фаҳмондан ба мақсад мувофиқтар мебошад. Инчунин, дар вақти таълими мавзӯъҳои   нисбатан душвор аз лаҳзаҳои дамгирӣ  ва  асбобҳои аёнӣ бештар истифода бояд кард. Хонанда дар ин ҳолат мондашавиро кам ҳис  карда, бо завқу шавқи зиёд мавзӯро  дарк менамояд.  Ҳамзамон, дар лаҳзаи  мустаҳкамкунии дарс метавонем аз хонандагони болаёқат мавзӯи навро пурсида, пасон аз шогирдони сустхон то чӣ андоза ва аз худ намудани ин мавзӯро талаб намоем. Бо ин усул аксарияти хонандагон машғулиятҳоро аз худ карда метавонанд.  Албатта, таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон аз мӯзгорон вобастагии калон дорад.  Кӯшиш намоем, ки хонандагон ҳар як машғулияти моро  интизор бошанд  ва бо шавқ таҳсил намоянд.

Соира Азизмуродова,

 омӯзгори  математикаи

 мактаби №51- и

 шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш