Нашрияи Омӯзгор

Илму адаб – сарвати воло

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 75        Шарҳ: 0

 

Дар ҷамъомади муштараки волидон ва мураббиёни кӯдакистони №113 - «Аниса»-и шаҳри Душанбе пурсишу посухи судманде ба вуҷуд омад.

Оё таълим муҳимтар аст ё тарбия муқаддаму афзалтар мебошад? – ин буд пурсиши асосӣ, ки ба муҳокимаи волидону мураббиён пешниҳод гардид. Аксар бар он назар буданд, ки тарбия ҳамеша афзалиятманд аст.  Ҳамон тавре ки Саъдии бузургвор фармуда: «Адаб осоиши афъол бошад». Дар ҳар шахс аз ҳама муҳим одоб аст. Ҷонибдорони ин андеша бештаранд. Вале фикри гурӯҳи дигарро низ ба эътибор гирифтан ногузир мебошад: пешрафту тараққиёти технологияи муосир, рушди илму техника на ҳамеша ба инкишофи одамият, одамгарӣ, арзиши инсон эътибор медиҳад. Афкори баландмазмуни педагоги маъруфи рус В. А. Сухомлинский ҳамоно мавқеъ дорад: «Агар роҷеъ ба ҳусну одобу ахлоқи инсонӣ ва муносибати шоёни одамон фанни махсусе вуҷуд дошта бошад, фардо дар нақшаи таълимии дабистон ҳатман пайдо мешавад. Охир, мо дар асри инсон умр ба сар мебарем».

Ниҳоли каҷро дар наврасӣ ва дар айёми нашъунамояш рост кардан, хубтар тарбият кардан имконпазир аст, вале дарахти пиру солхӯрдаи каҷро ба ҳеҷ ваҷҳ рост кардан имкон надорад.

Чӯби тарро хам кӯнӣ, фармон

кунад,

Чӯби хушкро хам кунӣ, афғон

кунад.

Дар ин баҳс ҳама бар он хулоса расиданд, ки тарбия ва таълим бо ҳам алоқаи ҳамешагӣ доранд ва ҳамдигарро такмил мебахшанд. Таълиму тарбия дар робита бо ҳам ҷараён меёбанд.

Хушбахтона, кулли волидон бо кӯдакистони №113 - «Аниса», бо ин даргоҳи таълиму тарбия, фазлу адаб ва ахлоқу одамият робитаи зич ва босамар доранд. Волидон ҳамеша аз вазъи фарзандони худ дар кӯдакистон огоҳанд ва зуд-зуд ба мураббиёни гурӯҳҳои дахлдор ва масъулон вомехӯранд. Мутобиқи боби 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳар як падару модар уҳдадор аст, ки дар таълиму тарбияи фарзанди худ саҳми арзанда гузошта, дар оила шароити хуб барои таълиму тарбия муҳайё созад. Аз ҷумла, бо либос, маводи таълимӣ, мизу курсӣ, кати хоб таъмин намояд. Барои назорати раванди таълиму тарбия волидон бо муассисаҳои таълимӣ мунтазам дар ҳамкорӣ бояд бошанд. Вақте ки ҳамкории муассисаи томактабӣ ва волидон хуб аст, ин ба боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш, сатҳу сифати маърифати насли наврас мусоидат мекунад.

Мо бисёр қаноатмандем, ки ҳоло теъдоди падару модарони рӯзгордида, илмомӯхта ва фарҳангдӯст, ки фазлу одоби инсонро муқаддам шуморида, аз хурдӣ ба тарбияти атфол саъй менамоянд, хеле зиёд аст.

Кӯдакони имрӯзаи мо шаҳрвандони фаъоли фардои ҷомеаи мо хоҳанд буд. Аз ин рӯ, дар тарбияи онҳо мо - мураббиён ва роҳбарони муассисаҳои томактабӣ ҳар чӣ бештар фаъол бояд бошем.

Гулчеҳра ШУКУРОВА,

мудири кӯдакистони №113 - «Аниса»-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш