Нашрияи Омӯзгор

308 нафар донишҷӯ шуданд

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 51        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Хоруғ машварати августии омӯзгорон баргузор шуд.

Дар он аз ҷумла, қайд гардид, ки мутобиқи қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мутобиқи шароит  дар ду баст ташкил карда мешаванд. Дар шаҳри Хоруғ то ба имрӯз 1850 нафар кӯдакону наврасон ба таълим фаро гирифта шуда, барои таълиму тарбияи онҳо тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ногуфта намонад, ки имсол аз 375 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии шаҳр 200 нафар ба муассисаҳои олии дохили мамлакат ва 108 нафар ба донишгоҳҳои олии берун аз он дохил гардиданд. Барои таълиму тарбияи насли наврас Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳоро меандешад,то ҳар як наврас мутобиқи лаёқату дониш таҳсилро дар муассисаҳои касбию олии ҷумҳурӣ ё берун аз он идома диҳад.

Ҷ.Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш