Нашрияи Омӯзгор

Қуфлкушои ҳама дарҳост илм

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 77        Шарҳ: 0

 

Илм бунёди ҳама комёбиҳои инсоният, муҳаррики пешбари ҷомеа ва омили ҳаёти шоиста дар олам аст.

Маҳз ба шарофати илм банди бисёр мушкилиҳо кушода мешавад ва роҳ ба сӯи кашфиёти навин ҳамвор мегардад. Аз ин ҷост, ки бузургонамон гуфтаанд:

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,

Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.

Дар ҷаҳони муосир нақши  илм боз ҳам афзудааст ва кишварҳое дар самти таъмини зиндагии шоистаи мардум муваффақ мешаванд, ки ба ривоҷи илм имконоти зарурӣ фароҳам меоваранд, ба он диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар Тоҷикистони азизи мо низ таваҷҷуҳ ба илм ва рушди он пайваста меафзояд. Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ барои рушди илми тоҷик дар тамоми соҳаҳо имконоти васеъ фароҳам овард. Худ мустақилияти кишвар боиси ба миён омадани зарурати ҷиддӣ ба тақвияти илм гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки бидуни ривоҷу пешрафти илм давлати устувору пешрав бунёд кардан имконнопазир аст. Дар иртибот ба ин нуктаи барҳақ Сарвари кишвар зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ (26.12.2019) бо ҳадафи боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карданд. Президенти муҳтарам дар ҳошияи ин тадбири муҳим пешниҳод намуданд, ки ҳамасола дар мамлакат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои дақиқ баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалҳо аз лиҳози моддию маънавӣ қадрдонию ҳавасманд карда шаванд.

Дар радифи илмҳои дақиқ математика (бо шохаҳояш – алгебраву арифметикаву геометрия) мавқеи бағоят муҳим дорад ва он аз аҳди қадим яке аз фанҳои асосӣ дар беҳдошти ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад.

Вобаста ба ин, зарурати қатъие ба миён омада, ки пеш аз ҳама, ба омӯзиши математика дар муассисаҳои таълимӣ тақвият бахшида шавад. Пӯшида нест, ки шогирдони мо ба омӯзиши фанҳои дақиқ камтар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ин фанҳоро мушкилу душворфаҳм меҳисобанд. Омӯзгори математикаро мебояд, ки нахуст  ҳамин фаҳмиши нодурусти хонандагонро бартараф созад, собит намояд, ки математика на танҳо фанни фаҳмову саҳеҳ, балки хеле шавқовару муҳим аст ва бидуни донистани ин фан дар зиндагӣ, дар кор комёб будан имкон надорад. Барои такмили таълими фанни математика имрӯз дар заминаи ҳамбастагии омӯзгорони дахлдор, маслиҳату машварат бо олимону мутахассисон бояд корҳои зиёдеро сомон бахшид. Ба назари мо, дар ин самт, аз ҷумла, иҷрои корҳои зер баманфиат хоҳад буд.

1.Бояд ҳар чӣ зудтар китоби дастурии «Методикаи таълими математика»-ро  таҳияву иншо  кард. Он бояд саҳеҳу фарогир ва дар заминаи ба назар гирифтани тамоми дастовардҳои илми математика навишта шавад, аёниятҳо дар замима дошта бошад. Шояд аз ҷониби гурӯҳи омӯзгорони соҳибтаҷриба ва олимону мутахассисони варзида навиштани чунин китоби зарурӣ мувофиқтар бошад. «Методикаи таълими математика» китоби рӯимизии ҳар як омӯзгори ин фан, раҳнамою маслиҳатгари ӯ хоҳад буд.

2. Тақозои замон аст, ки китобҳои дарсии математика бознигарӣ шаванду такмил ёбанд. Махсусан, ба  забони иншои ин китобҳо бештар диққат бояд дод. Ҳамчунин, бояд ҷанбаи миллии китобҳои математика қавӣ бошад, ки ин ба рушди тафаккури илмию техникии шогирдон мусоидат хоҳад кард. Зарур аст, ки аз ҷумла, мисолу масъалаҳо дар китоби математика ба ҳаёти воқеии кишвари соҳибистиқлоламон мувофиқ карда шаванд.

3. Ба таълими математика дар синфҳои ибтидоӣ диққати махсус зоҳир бояд кард, зеро фаҳмишу хоҳишу майли хонандагон маҳз дар ҳамин марҳила шакл мегирад. Бедор кардани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши математика дар синфҳои ибтидоӣ аз вазифаҳои аввалдараҷаи омӯзгорон мебошад. Салоҳ он аст, ки китоби «Методикаи таълими математика» барои синфҳои ибтидоӣ ба таври алоҳида навишта шавад.

4.Китоби дигаре, ки барои омӯзгорони математика хеле зарур асту таҳияи он амали таъхирнопазир ба назар мерасад, «Луғати истилоҳоти математика (риёзӣ)» мебошад. Рӯи даст доштани ин гуна луғат кори омӯзгоронро хеле сабук мекунад ва забони омӯзиши математикаро такмил мебахшад. Барои таҳияи чунин луғат (фарҳанг) ҳоло дар ҷумҳуриамон неруҳои илмӣ ва заминаҳои мусоид мавҷуданд.

5.Ҳоло вақти он расидааст, ки барои тарзу усулҳои баргузор намудани чорабиниҳои беруназсинфӣ, озмуну олимпиадаҳои сатҳҳои гуногун низ дастурҳои методӣ навишта, пешкаши омӯзгорон карда шаванд.

6.Бояд ба истифодаи технологияи муосир дар омӯзиши математика (аз ҷумла, компютеру тахтаи электронӣ) таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуд. Зарур аст, ки дискҳои махсуси ёрирасон барои омӯзиши математика (аз ҷумла, омӯзиши мустақилона) таҳия ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шаванд.

7.Мураттабсозӣ, таҳия ва нашри китобҳое, амсоли «Математикаи шавқовар», «Математика ва ҳаёт», «Донишномаи мактабии математика», «Худомӯзии математика», «Викторинаҳои математикӣ», «Таърихи  баъзе истилоҳоти математикӣ», «Математика дар ҷумҳурии мо»… ҳам барои устодони фан ва ҳам барои хонандагон басо муфид хоҳад буд. Дар ин самт мутахассисон, таҳиягарони китобҳо метавонанд аз таҷрибаи муаллифони кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон (махсусан, Россия) истифода намоянд…

Эълони Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла, дар назди мо, омӯзгорони математика, вазифаҳои зиёде гузоштааст ва мо бояд дар ин ҷода пайваста ҷидду ҷаҳд, эҷодкорию навоварӣ намоему дар таълиму тарбияи насли наврас комёб бошем.

Лола Ҷабборова,

омӯзгори математикаи

мактаби  №8-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш