Нашрияи Омӯзгор

Ҷӯе будам, дарё шудам

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 119        Шарҳ: 0

 

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз Худованди меҳрубону бахшанда чунин сифати олии инсониро талаб карда будаанд:

Замирамро сипосандеша гардон,

Забонамро ситоишпеша гардон.

Мавзӯи сипосандешагию сипосгузорӣ дар осори адибон анъанавӣ буда, дар жанрҳои гуногуну услуби мухталиф ба назар мерасад. Шоири нозукбаёну сипосандеша Нозирҷон Боҳирӣ давомдиҳандаи чунин анъанаи ҷолибу писандида мебошанд. Шеърҳои меҳрбори ин адиби тавоно, ки дар васфи Ватан,  модар, ситоиши деҳаю кишоварзон бахшида шудаанд, самимияти ниҳоят баланд доранд ва далели арҷгузорию сипосгузорианд. Ифодаи шукргузорию сипосандешагӣ дар шеърҳои “Шукрона”,  “Бахти ҷовидон”, “Бӯи модар”,  “Ҳамкорон” пурҷилотар буда, сатрҳои пурҳарорату дилошӯби ин шеърҳо бар  дилу хаёту андешаи ҳар як хонанда нури меҳру муҳаббату садоқатро меафрӯзад.

Шоири сипосандеша дар шеъри “Шукрона” ба тансиҳатию осудаҳолии хеш, ба амалҳои бетамааш шукргузорӣ намуда, аз ҳурмату эҳтирому меҳрубониҳои ҳамкорон ва аз Ватани  маҳбубаш сипосгузор аст:

Шукри он ки ҷумла ҳамкорон кунандам эътироф,

Бе вуҷуди мансабеву долларе дар ҷайби ман.

Ҳурматам созад бидуни қасру кӯшк аҳли маҳал,

Аз самими дил ҳама дар ҳозиру дар ғайби ман.

Шукри он ки дар саропои Ватан бе тарсу бим

Ҳамчу соҳибхона озодона мемонам қадам.

Бо умеди толибони шеъри волою асил,

Заргаросо мӯшикофӣ карда меронам қалам.

Аз ҳар ашёе, ки ба он дасти модар расидааст ё бо модар марбут аст (ба монанди ошдону суфраву хон), аз остони даргоҳи падар дарк кардани бӯи модар дараҷаи олии ифодаи меҳру муҳаббат, садоқат ва сипосандешагӣ аст. Дар шеъри “Бӯи модар мекунад” ҳар як сатр ифодагари меҳри модар аст:

Ошдону суфраву хон бӯи модар мекунад,

Бистару болину таҳмон бӯи модар мекунад.

Кистам ман, як нишон аз зиндагии модарам,

Дар барам дил, дар танам ҷон бӯи модар мекунад.

Поси урфи миллати мо қарзи фарзандии мост,

Расму оини ниёгон бӯи модар мекунад.

Хок шуд то модари равшанравонам дар барат,

Гарди хокат, Тоҷикистон, бӯи модар мекунад.

Устод Нозирҷон Боҳирӣ ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва дарёфти маънои бикр ва дарки асрори ҳастӣ мебошанд.

Дар силсилашеърҳои ватандӯстонаи ин шоири амиқбин, аз ҷумла, дар шеъри “Бахти ҷовидон” маъною моҳияти Ватан хеле равшану возеҳ бо эҳсосоти самимӣ ифода гардидааст. Шоир Ватанро  “бахти ҷовидон” дониста, ҳар як ҷузъи ба Ватан марбут бударо азизу муқаддас донистааст: 

Ватан ин аҳли байту хонаи ман,

Саропойи Ватан-кошонаи ман.

Ватан бар ман фақат обу замин нест,

Ватан ин мардуми фарзонаи ман,

Ватан-панди падар, уммеди модар,

Ватан-ишқи ману ҷононаи ман…

Ватан-минбар, Ватан-овози бурро,

Ватан-ин ҳарфи озодонаи ман.

Бо мутолиаи ин шеър меҳри Ватан дар умқи дили ҳар як хонанда бештар мегардад.

Дар шеъри  “Ҳамкорон” шоири ҳассосу хештанши-нос ва инсонпарвар тамоми комёбию хушбахтии худро аз дастгирию ғамхорӣ ва меҳрубониҳои ҳамкорону ҳамкасбон медонад ва ба ин сидқан арзи сипос менамояд:

Ҷӯе будам, дарё шудам,

Кунҷе будам, саҳро шудам.

Паҳно шудам, дунё шудам.

Ман бо шумо, ёрони ман…

Майдони парвозам шумо,

 Болу пари бозам шумо.

Шукри шумо, ёрони ман,

Ҳамкасбу ҳамкорони ман,

Ҷиҳати дигари ҷолиби ашъори шоири асил навгӯиву тозабаёнӣ мебошад, ки он аз сатрҳои пандомези зерин бармеояд:

Эй дил, бубин он чӣ, ки надидаст касе,

В-он гӯ, ки дар умраш нашунидаст касе,

Рӯ ҷониби қуллаи наве рав, ки ба он

Кӯшидаву аммо нарасидаст касе.

Забон ва тарзи баёни ашъори устод Нозирҷон Боҳирӣ хеле равону самимӣ   ва орӣ аз калимаҳои ғайр буда, тарзи калимасозию калимабандӣ ва ҷумласозию ҷумлабандии шоир шоистаи таваҷҷуҳ ва омӯзиш аст.

Банда аз давраи донишҷӯиям бо Нозирҷон Боҳирӣ шинос ҳастам ва аз суҳбатҳои балутфу ҳикматнокашон бархӯрдор гаштаам ва эшонро ҳамчун шахси ростгӯю ҳақбаён, содиқу меҳрубон мешиносам. Ба муносибати 80-умин солгарди умрашон устоди азизро табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандию фаъолияти бардавом таманно мекунам.

Як инсони олиест

Устоди мо-Нозирҷон.

Табъи баландаш ӯро

Ҳамеша дорад ҷавон.

Гарчи синнаш ҳаштод аст,

Чеҳрааш чун гул хандон.

Дар садсолагиаш низ

Бинем ӯро шодон.

Солеҳҷон Собирҷонов,

дотсенти кафедраи забони тоҷикии

Донишгоҳи давлатии молия

ва иқтисоди Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш