Нашрияи Омӯзгор

Мастчоҳ: аз бунёдкорӣ то иҷрои барномаҳо

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 50        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста баҳри рушду инкишофи он тадбирҳои судманд  меандешанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ сол то сол соҳаи маориф рушд меёбад ва шароити таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар ба талаботи замон мувофиқ гардида, мактабҳои нави замонавӣ бунёд мешавад.

Аҳли маорифи ноҳияи Мастчоҳ барои хубтару беҳтар ба роҳ мондан ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия пайваста талош менамоянд. Дар ноҳия корҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома ёфта, сохтмони як қатор мактабҳои нав ҷараён дорад.

Зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ Нуриддин Боқиев иброз дошт, ки ҷиҳати татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” дар муассисаҳои таълимии ноҳия як зумра корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Бо дастгирию мусоидати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои шуъбаи маориф ба маблағи 2,8 млн сомонӣ, бинои синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактаби  №37 бо маблағи 1,5 млн сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷаи вилоят сохтмони бинои муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи Ганҷобод барои 600 нафар дар як баст бо маблағи 12 млн сомонӣ, бинои муассисаи таълимӣ барои 250 нафар дар маҳаллаи «40-солагии Дилварзин-2», аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд, сохтмони бинои филиали мактаби №19 дар деҳаи Оби Шифо барои 240 нафар бо маблағи 2,6 млн сомонӣ ва сохтмони бинои таълимӣ барои 275 нафар дар назди мактаби №26 бо маблағи 3 млн сомонӣ, дар мактаби №11 4 синфхонаи алоҳида аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Бунён” бо суръат ҷараён дорад.

Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020», бо ташаббуси соҳибкор Фурӯзонфар Искандаров дар назди шуъбаи маориф Маркази таълимии хусусӣ аз фанҳои забони англисӣ, забонҳои русиву хитоӣ ва химия ташкил шуда, аз ҷониби соҳибкор Фазлиддин Ҳасанов дар ноҳия мактаби хусусӣ фаъолият дорад. Дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстон бинои муассисаи таълимии томактабии хусусии «Ваҳдат» барои 160 нафар бо харҷи 1,5 млн сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Сафия Ҳасанова, муассисаи таълимии томактабии хусусии “Насли Ориё” дар маҳаллаи «40-солагии Дилварзин-2»-и Ҷамоати деҳоти Палдорак аз ҷониби соҳибкор Оймаҳмад Шарифов ба маблағи 1 млн.сомонӣ барои 120 нафар ва бинои 8 синфхонаи таълимӣ дар назди мактаби №40 аз ҳисоби маблағҳои буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва падару модарон бунёд гардиданд.

Н. Боқиев афзуд, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи  маориф дорои 3 воҳиди корӣ буда, дар он 13 адад маҳфили ройгон, аз ҷумла, 11 адад фаннӣ ва 2 адад дар самти ихтироъкорӣ ва санъат таъсис дода шудааст. Дар давраи таътили зимистона 39 нафар хонанда ба машғулиятҳои иловагӣ ҷалб гардиданд.

Дастовардҳои хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалию ҷумҳуриявӣ назаррас мебошад. Соли равон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 4 нафар хонандаи ноҳия соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Инчунин, 16 нафар тибқи квотаи Президентӣ ба мактабҳои олии кишвар дохил шуданд.

Шуъбаи маорифи ноҳия ба ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзию фаннӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Имрӯз дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия 110 маҳфил бо 70 воҳиди корӣ фаъолият дорад. Дар маҳфилҳои мазкур беш аз 2300 нафар хонанда иштирок мекунанд. Дастпарварони марказ дар озмуни вилоятии «Нозири навраси ҳаракат дар роҳ», “Беҳтарин осорхона”, ҷоизаи раиси вилоят соҳиби ҷойҳои аввал ва хонандаи  литсейи №2 М. Қоризода дар озмуни “Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ” пирӯзӣ ба даст оварда, академики Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ гардид.

Дар татбиқи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», соли 2020 21 адад компютер ва 3 адад тахтаи электронӣ харидорӣ гардид. Ба таълими фанни технологияи иттилоотӣ 58 нафар омӯзгор машғуланд. Аз 46 синфхонаи технологияи иттилоотӣ 42 адади онҳо ба шабакаи интернет пайваст мебошанд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 845 компютер, 104 принтер, 10 тахтаи электронӣ, 16 проектори мултимедиявӣ дар хизмати омӯзгорону хонандагон қарор дорад.

Шоистаи таъкид аст, ки аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода  975 адад китоби бадеӣ ба ду кӯдакистони хусусӣ, шуъбаи маориф ва ду муассисаи таълимӣ ройгон дастрас карда шуд.

- Вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» муҷаҳҳазгардонии 3 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳи химия, физика ва биология ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақша то имрӯз 107 нафар омӯзгор ба курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ ва 1 нафар курсҳои ҷумҳуриявӣ фаро гирифта шуд, ки ин дар маҷмӯъ, 98,2% иҷрои нақшаро дар бар мегирад. Аз ҳисоби Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат бо кумаки созмони Иттиҳоди Аврупо кабинетҳои физика, химия ва биологияи мактаби №1 бо таҷҳизоти лабораторӣ барои синфҳои 5-11 таъмин карда шуд, - зикр намуд мудир.- Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи забономӯзии толибилмон дар муассисаҳои таълимии ноҳия як зумра корҳо ба анҷом расонида шуда, 40 кабинети забони англисӣ амал мекунад, ки бо васоити аёнии зарурӣ таҷҳизонида шудаанд.

Мудир дар охир қайд намуд, ки ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) фаъолияти мунтазами ситоди муассисаҳои соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Аҳли маорифи ноҳияи Мастчоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои таълимӣ баланд бардошта, наврасону ҷавонони ноҳияро дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву ба камол расонанд.

 

Н. ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш