Нашрияи Омӯзгор

Оё медонед, ки….

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 104        Шарҳ: 0

 

1.Дар Австралия Коала ном хирс зиндагӣ мекунад, ки ҳеҷ гоҳ об наменӯшад. Хӯроки асосии Коала барги дарахти эвкалипт аст, бинобар ин, шираи он ҷои обро мегирад.

2. Дар 1 га замин то 4,5 млн кирми лойхӯрак зиндагӣ мекунад. Онҳо дар як шабонарӯз то 250 кг хокро аз рӯдаашон мегузаронанд.

3. Як шуллуки тиббӣ дар як вақт то 50 грамм хунро мемакад, ки ин миқдор ғизо барои 0,5 сол зиндагӣ кардани он кифоя аст.

4. Вазни китбачаи навзод ба 5 тонна мерасад.

5. Шуллуки тиббӣ то 2 сол бе хӯрок зиндагӣ карда метавонад.

6. Вазни харчанги баҳрӣ (омар) то 25 кг мешавад.

7. Каждумҳо асосан шабона фаъоланд.

8. Бордоршавии баъзе аз ҳайвонҳо аҷиб аст, махсусан ғундаҳо. Ғундаи модина баъди бордор шуданаш ғундаи наринаро мехӯрад.

9. Заҳрнокии ғундаи модина нисбат ба ғундаи нарина 160 маротиба зиёдтар мебошад.

10. Канаҳо пӯсти инсон ё ҳайвонро хоида, роҳ кушода ба даруни пӯст медароянд ва дар он ҷо зиндагонӣ мекунанд.

Таҳияи

Толиб Давлатов,

омӯзгори биологияи мактаби №35,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш