Нашрияи Омӯзгор

Армуғони идона

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

 Нашриёти  «Адиб»  дар арафаи ҷашни   30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои нависанда  Гулчеҳра Муҳаммадиева «Офтоби оламоро» ва «Гулчини осор»-ро аз чоп барвард.

Умед аст, ки мутолиаи шеъру масал, афсонаву ҳикояҳои китобҳои мазкур дар замири бачаҳо меҳру муҳаббат нисбат ба волидон  ва муқаддасоти Ватанро даҳчанд хоҳанд кард.

Дар «Гулчини осор»  навиштаҳои тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншогаштаи нависанда - Гулчеҳра Муҳаммадиева пешкаши ҳаводоронаш гаштааст.

Адиб солҳои охир ба адабиёти бачаҳо рӯ овардааст. Масал, афсона ва ҳикояҳои нависанда дар байни хурдсолон аллакай хонандаи худро ёфтааст. Дар китоб тарҷумаҳои ӯ низ пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардидааст.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш