Нашрияи Омӯзгор

Муҳаммад Авфӣ – тазкиранависи донишманд

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 198        Шарҳ: 0

 

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик асари шоир, нависанда ва адабиётшиноси асри XIII Муҳаммад Авфии Бухороӣ – «Лубоб-ул-албоб»-ро нахустин тазкираи илмӣ-адабӣ мешуморанд. Чунонки адабиётшиносон Мирзо Солеҳов ва Наҷмиддин Ширинзода қайд намудаанд, «Лубоб-ул-албоб» аз ду ҷилд иборат буда, дорои 12 боб аст. Дар ҷилди аввал оид ба рӯзгору осори 130 шоиру нависанда ва дар ҷилди дуюм дар бораи ҳаёту эҷодиёти 169 нафар адиб маълумоти илмӣ-адабиётшиносӣ бо овардани рубоию ғазалу қитъа ва қасидаҳои эҷодкардаашон пешниҳод гардидааст. Бояд хотирнишон кард, ки ҷилди аввали асар аз ҳафт боб, аз ҷумла, «Дар фазилати шеър ва шоирӣ», «Дар маънии шеър аз тариқи луғат», «Дар маънии аввал касе, ки шеър гуфт» ва ғайра иборат мебошад. Асар бо забони фасеҳу шоирона навишта шуда, аз ибораю таркибҳои пуробуранг ва тасвиру ташбеҳоти ноб иборат мебошад. Таври мисол, дар боби аввал - «Дар фазилати шеър ва шоирӣ» Муҳаммад  Авфӣ на ба таври хушку холӣ, балки бо истифода аз саноеи бадеӣ перомуни нақшу рисолати сухан ва хусусан, шеър менигорад: «Сухан чашмаи ҳайвонест, ки сафои ӯ ҳамеша аз зулмати давот метобад ва Хизри назму наср аз ӯ ҳаёт меёбад. Назм мутрибе нигорин аст, ки навои рости ӯ ҳама мавзун бувад. Наср ҳазордастонест, ки ушшоқи Шому Ироқро дар вақти субҳ пардаи роҳавӣ самоъ кунад, аммо бастаи вазн набошад ва бештари ҳукамо назмро бар наср тарҷеъ ниҳодаанд». Дар боби дуюм – «Дар маънии шеър» Муҳаммад Авфӣ бар он ақида собит аст, ки ҷавҳару моҳияти шеърро илм ташкил медиҳад. Илму дониш ҷони шеър буда, он бо санъатҳои бадеӣ  пироя баста мешавад. Аммо хулосаву кашфи илмӣ ва дар маҷмӯъ, маънии наву хушоянд бар сари худ шеър шуда наметавонад, зеро дарку эҳсосу фаҳмиш бояд бар қолаби образу бадеият ба шакл дарояд. Дар боби сеюми асар, ки «Дар маънии он  ки аввал шеър кӣ гуфт?» ном дорад, Авфӣ аз нақли Маймун ибни Меҳрон, ки аз Абдуллоҳи Аббос иқтибос кардааст, ҳадс мезанад, ки нахустин шоир Одами сафӣ мебошад. Сабаби шеър гуфтани Одам кушта шудани фарзанди азизаш Ҳобил ба дасти бародараш Қобил будааст. Дар боби чорум –«Дар маънии он ки аввал шеъри порсӣ кӣ гуфт?» аз он хусус сухан меравад, ки аввалин шахсе, ки порчаи шеърӣ гуфтааст, аз қавли Муҳаммад Авфӣ, Баҳроми Гӯр будааст. Ҳамин тавр, дар бобҳои 5, 6, 7 андешаҳои Муҳаммад Авфӣ бо далелу арқом ва нақлу ривоятҳо оварда мешавад.

Аз ҷумла, дар боби панҷум, дар бораи шоҳи охирини сулолаи Сомониён Амир Мунтасир Исмоил ибни Нуҳ ҳикоят карда, Авфӣ мегӯяд, ки ӯ шоҳи ҷасуру ватандӯст буда, то лаҳзаи вопасини умр барои нигоҳ доштани давлати парокандаи Сомониён мубориза бурда, шеър ҳам иншо намудааст, ки ин қитъа аз ҷафои чархи каҷрафтор ва носипосии ёронаш нақл мекунад;

Ай ба дидаи кабуд, худ на кабуд,

Оташ аз табъу дар намоиш дуд.

В-эй ду гӯши ту карри модарзод,

Бо туам гармию итоб чӣ суд?

Дар бораи Ал-амир Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вушмагир ва писари ӯ Кайковус ибни Искандар, ки аз шахсиятҳои шинохтаву донишмандони асри худ маҳсуб меёбанд ва табъи шоирӣ доштанд, Муҳаммад Авфӣ мегӯяд:

«…Таҷнис бад-ин латифию покизагӣ ва дар ин як хат тамомати ғарази худро шарҳ фармуда. Ва ӯро шеъри порсӣ аст бағоят латиф. Ва  қадри ӯ аз ин як қитъа, ки гуфтааст, возеҳ мешавад:

Кори ҷаҳон саросар оз асту ниёз,

Ман пеши дил наёрам озу ниёзро.

Ман бист чизро зи ҷаҳон баргузидаам,

То ҳам бад-он гузорам умри дарозро.

Аҳамияти адабию илмии тазкираи «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороиро адабиётшинос Мирзо Солеҳов ба таври зайл баҳогузорӣ намудааст:

«Масъалаи комилан ноб, ки дар он бори аввал қонуниятҳои адабиёти миллӣ, зуҳуру ташаккул ва рушду таҳаввулоти он то асри XIII мавриди эътибор қарор гирифта, адвори он то андозае муайян карда мешавад, дар иртибот бо таърихи миллат ва маънавиёти он, адабиёти миллӣ даврабандӣ карда мешавад. Ин падидаи тоза дар асрҳои миёна мушаххасан  аз нахустин тазкираи дастрасгардидаи шуарои аҷам аз «Лубоб-ул-албоб» маншаъ мегирад. Табақабандии қувваҳои адабӣ аз рӯйи мақомоти табақаҳои сиёсӣ –иҷтимоӣ, ки Авфӣ эҷоди бадеъро дар ҳамин замина дастабандӣ мекунад, ба намоиш гузоштани маънавиёти ҷомеа ва зиёда аз ин, нақши адабиёт дар ҳаёт аст».

Хуллас, нашри тозаи асари Муҳаммад Авфии Бухороӣ –«Лубоб-ул-албоб» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаю маъхази гаронбаҳо ба омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои таълимии кишвар хидмати барҷаста хоҳад расонд.

Фахриддин Назиров,

омӯзгори гимназияи 

Балъамии шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш