Нашрияи Омӯзгор

Хатлон: дастгирии 127 омӯзгори ҷавон

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 88        Шарҳ: 0

 

Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» на дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон қонеъкунанда аст. Хусусан, дар нимсолаи якуми соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Бохтар, Ёвон, Хуросон, Шаҳритуз, Ҷайҳун, Темурмалик, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ омӯзгорони ҷавон аз имтиёз бархурдор нагаштаанд.

Тибқи иттилои масъулини раёсати маорифи вилояти Хатлон, шаш моҳи соли равон 10 нафар омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ, 2 нафар соҳиби замини полезӣ ва 115 нафар соҳиби қарзи имтиёзнок гардиданд. Дар маҷмӯъ, 127 нафар соҳиби имтиёз шуданд.

Бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари мутахассисони ҷавон аз мақомоти маҳаллӣ ва масъулини шуъбаҳои маориф вобастагии калон дорад. Зеро тибқи қарордоди сеҷонибаи байни мақомоти маҳаллӣ, муассисаи таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва шаҳрванд (донишҷӯ) ба имзо расида, уҳдадориҳои тарафҳо муайян карда шудааст.

 

С.АЗИЗӢ,

вилояти Хатлон 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш