Нашрияи Омӯзгор

Ихтирои назарраси олимон

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 49        Шарҳ: 0

 

Дар шаш моҳи соли равон олимони  Академияи  миллии илмҳои  Тоҷикистон  таҳқиқотҳои илмиро аз рӯи 57 мавзӯи илмию таҳқиқотии бунёдӣ, 23 мавзӯи илмию таҳқиқотии амалӣ ва 18 мавзӯи илмию таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Натиҷаҳо бештар дар илмҳои математика, физика, химия, астрофизика, геология ва  ғайра бештар ба назар мерасанд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон дар нишасти хабарӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод. Қайд шуд, ки олимон ва мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ ҳолати баъзе пиряхҳои Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Аз ҷумла, имсол барои омӯзиши пиряхҳои дараи Варзоб экспедитсияҳои илмӣ ташкил намуданд.

Ҳамчунин, Ф.Раҳимӣ гуфт, ки  Академияи милии илмҳо бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ ба истеҳсоли маводи гипохлорити натрий, ки дар ҳама давлатҳои дунё ҳамчун маводи маъмули антисептикӣ  барои безараргардонии вирусҳо васеъ истифода бурда мешавад, шурӯъ намуд. Илова бар ин, бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқра ба  роҳ монда шуд. Бояд зикр кард, ки нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо ба шумор меравад. Таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерияҳо исбот гардидааст. Онҳои нуқра масунияти бунияро баланд ва хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонад.

Ихтирои дигари олимони АМИ Тоҷикистон дастгоҳи худсози нафаскашии сунъӣ мебошад. Ин дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шудааст ва дар беморхонаи клиникии шаҳрии «Ёрии таъҷилӣ» аз озмоиш гузаштааст. Ба роҳ  мондани истеҳсоли саноатии ин дастгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи  тиббии воридотивазкунанда имконпазир аст. 

Бо қарори раёсати АМИ Тоҷикистон аз 1 июни соли 2020, №59 дар назди  АМИ Шӯрои байниидоравӣ оид ба таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории коронавирус таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он олимони соҳаи тиб, табибони вирусолог ва бемориҳои сироятӣ, кимиёдонҳо, биологҳо, дорушиносон, дорусозон ва технологҳо шомиланд. Пешниҳод ва тавсияҳои илмию методии  ҷаласаҳои Шӯрои академия  оид ба бемории мазкур ва роҳҳои пешгирии он қабул ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда мешаванд.

Бахшида ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ» ба мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ ва муайян намудани донишҷӯёни болаёқат барои минбаъд ба соҳаи илм ҷалб намудани онҳо, бори панҷум олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми АМИ Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш