Нашрияи Омӯзгор

Намоиши асарҳо дар арсаи байналмилалӣ

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 63        Шарҳ: 0

 

Оид ба ҷамъбасти фаъолияти  шашмоҳаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ  ва дизайни Тоҷикистон ректори муассиса Ҷамшед Ғанизода  ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Имрӯз дар сохтори донишкада се факулта, ҳашт кафедра, шуъбаҳои таълим, илм ва корҳои эҷодӣ, методӣ, тайёрӣ, бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии  кадрҳо, маркази бачагонаи рассомӣ, устохонаҳои тахассусӣ ва дигар шуъбаҳо фаъолияти пурсамар доранд.

Имрӯз дар қатори омӯзгорони донишкада Рассомони халқии Тоҷикистон, Арбобони ҳунари Тоҷикистон, мусаввирону дизайнерони  маъруф ва шинохтаи ҷумҳурӣ кор ва фаъолияти пурсамар доранд. Захираи   илмии донишкада аз шаш нафар профессор ва 21 дотсент иборат аст. Омӯзгори кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Ҷамила Худойбердиева рисолаи номзадии худро ба наздикӣ ҳимоя кард.

Дар давоми сол аз ҷониби омӯзгорони донишкада чор китоби дарсӣ ва дастури методӣ аз чоп баромад. Омӯзгорони эҷодкор дар зиёда аз даҳ намоиши сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, асарҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Фаъолияти  байналмилалии  донишкада низ сол то сол вусъати тоза пайдо мекунад. Бо мақсади рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн   донишкада то инҷониб бо ҳашт муассисаи олии касбии хориҷӣ робаитаи ҳамкорӣ дорад.

Ректор таъкид намуд, ки ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъмин мебошанд. Донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, аз ҷумла, технологияи компютерӣ ба корҳои илмию эҷодӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш