Нашрияи Омӯзгор

Он чи бо шир дарояд…

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 45        Шарҳ: 0

 

ё чаро оқибати макру фитнаҷӯии хоинон нокомӣ аст?

Солҳои охир истифодабарӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои аксари одамон одати муқаррарӣ шудааст. Аммо ин баҳрабардорӣ ҳам бевосита ду тараф дорад:  мақсаднок ва ғаразнок. Феълан, рӯз барин равшан аст, ки кадоме аз гурӯҳҳои манфиатпараст, шахсони алоҳида ва саркардагону аъзои ташкилоти террористӣ – экстремистӣ шабакаҳои иҷтимоиро  олуда  месозанду  ба  нафъи кадом давлатҳо кор мекунанд.

Онҳое, ки пайваста «демократияю нақзи ҳуқуқи башар» ё «озодию шиканҷаи ину он»-ро аз мавзӯъҳои писандида қарор дода, мехоҳанд кишвари тоҷиконро дар назари ҷаҳониён истибдодӣ нишон диҳанд, бешубҳа, аз мунофиқону душманонанд ва халқи меҳандӯсти мо чунин «қаҳрамонон»-ро бояд бишиносад. Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи  Садриддин ва дигар ҳамсафонашон таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ бо макру фиреф мехоҳанд бар афкори мардуми кишвар мусаллат шаванд.

Ин шахсони аҷнабипараст ба ҳеҷ ваҷҳ ҳарфи дуруст намегӯянд, зеро дар ҳолу аҳволи феълии онҳо ростгӯӣ бағоят мушкил аст.

Бисёриҳо барои он дурӯғгуӣ мекунанд, ки дигаронро ҳайрону мафтун карданӣ мешаванд, яъне макрро кор фармуда, орзую ҳавасҳои худро амалишуда нишон доданӣ мешаванд. Аммо думравони аҳли наҳзат инчунин, бо дурӯғгӯӣ манфиати шахсии худро меҷӯянд, қадру мақоми худ  ва манзалати саркардагони гурӯҳҳои террористиро баланд карданӣ мешаванд. Бо фиребу найранг қадри одами шоистаи эҳтироми омма ва худашон бад медидагиро паст карданӣ мешаванд. Барои ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна туҳмату ғайбат эҷод карда, кинаву ситам менамоянд. Яъне, ҳарфҳои дурӯғ дар тасаввуру хаёл аст, на дар ҳолати ҳақиқӣ.

Мумкин аст баъзеҳо бо дурӯғ гуфтан худро хушҳолу болидарӯҳ ҳис карда, зирак меҳисобанд. Шояд корашон барор ҳам гирад. Вале агар ҳилаву найрангашон ошкор шавад, он вақт онҳо шармсору беқадр ва бадҳолу ноком  мегарданд.

Ҳамин аст оқибати макру фитнаҷӯӣ ва одамозорию тухми адоват коштан. Бинобар ин, худкардаро даво нест ва агар сад бори дигар онро ба дурусткориву эҳсон  ҳидоят кунем, бефоида аст. Чунин одамон ҳалолзода набуданду намешаванд ва билохира, ба қавле, он чи бо шир дарояд, бо ҷон барояд.

Танҳо вақт довар ҳасту чунин нафарон рӯзе мерасад, ки дар назди халқу Ватан ҷавоб  хоҳанд  гуфт.         

 

Зоир  ҶОНМАМАДОВ, 

омӯзгори  мактаби №4-и

шаҳри Хоруғ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш