Нашрияи Омӯзгор

Ситоиш ва тарғиби ахлоқи воло

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 35        Шарҳ: 0

 

Адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун ганҷинаи гаронбаҳои маънавӣ дар тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷавонон хидмати шоистаю мондагорро анҷом додаву медиҳад. Бузургтарин намояндагони ин адабиёт дар тарғибу ситоиши ахлоқи неку писандида, ки ҷавҳари одамиятро ташкил медиҳад, саъю талош намуда, дар осори гаронмояи хеш фазилатҳои ҳамидаи инсониро таҷассум кардаанд.

Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳазор сол аз ин қабл панд медод, ки беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастии инсон рӯзгори босаодату файзбори ӯст. Аз ин рӯ, дар зиндагӣ, дар ин арсаи пуртазоду мураккаб инсон бояд худро биҷӯяду бишносад, накуиро аз бад ва роҳи ростро аз каҷ тафовут карда тавонад. Зиндагии инсонҳо ба масал таҷрибагоҳест, ки онро ҳар лаҳзаю ҳар соат омӯхтану дарк кардан мебояд:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба

кор ояд.

Ин маънӣ дар эҷодиёти пири Тӯсӣ Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём ва дигарон тақвият ёфта, бо сабку шеваҳои гуногун ифода ёфтааст.

Аз ҷумла, Умари Хайём афкори фалсафию ҳакимонаи худро дар хусуси офариниши Одам ва ҳадафи дар рӯйи замин ҷойнишини Офаридгор гардидани ӯ ба таври зайл баён кардааст:

Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,

Дар чашми замон гавҳари биниш моем.

Ин доираи чарх чу ангуштарӣ аст,

Бе ҳеҷ шакке, нақши нигинаш моем.

Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ сифатҳои неки инсонро васфу ситоиш намуда, аз он паём медиҳад, ки бузургтарин амали одам накукорист:

Рав, некӣ кун, ки даҳр некӣ донад,

Ӯ некиро зи некувон настонад.

Мол аз ҳама монду аз ту ҳам хоҳад

монд,

Он беҳ, ки ба ҷои мол некӣ монад.

Мавзӯи некию накукорӣ чун хати сурх аз байни тамоми навиштаҳои шоирони тоҷик дар ҳамаи асрҳо гузашта, онҳо инсонро дар меҳвари ҳамин хисол ситоиш мекунанд. Намояндаи адабиёти ибтидои асри XX  тоҷик, шоири маорифпарвар Тошхоҷа Асирӣ ба ҳамин амали инсонҳо ишора карда мегӯяд:

Одамият чист? Худро дур аз шарр

доштан,

Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безаръ

доштан.

 

Садбарг НАҶМИДДИНОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики

мактаби №93, ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш