Нашрияи Омӯзгор

Норасоии ҷои нишаст дар мактабҳо

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 47        Шарҳ: 0

 

Яке аз мушкилиҳои соҳаи маориф норасоии синфхонаҳои дарсӣ ва дар се баст ба роҳ мондани таълим дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар ҳалли мушкилии мазкур аз имконияти мавҷуда истифода мешавад, аммо ҳамоно ин масъала дар вилояти Хатлон нигаронкунанда мемонад.

Ба иттилои масъулини раёсати маорифи вилояти Хатлон соли 2019 бо сабаби норасоии синфхонаҳо дар 25 муассисаи таълимӣ хонандагон се баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, соли 2020 муассисаҳои таълимии №12 – и ноҳияи Панҷ (4 синфхона барои 96 нафар), №20 – и шаҳри Кӯлоб (5 синфхона барои 120 нафар, МТМУ №42 –и ноҳияи Ҷайҳун 10 синфхона барои 240 нафар) мавриди истифода қарор дода шуд. Новобаста ба ин, дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 22 муассисаи таълимии себаста амал мекунанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 4 адад, Вахш - 2, Восеъ - 1, Кӯшониён - 1, Абдураҳмони Ҷомӣ 5 адад, Ҷайҳун - 3, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - 1, Фархор - 4 ва Данғара 1 - адад фаъолият доранд. Дар мактабҳои мазкур сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо маром идома дорад.   

Боиси нигаронист, ки иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 - 2020» 38 дарсад таъмин шудааст. Мутаассифона, иҷрои «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020» дар аксари шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ғайриқаноатбахш аст.

С.АЗИЗӢ,

вилояти Хатлон  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш