Нашрияи Омӯзгор

Падар намуна буд

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 33        Шарҳ: 0

 

Ғозӣ Аминов соли 1924 дар деҳаи хушманзари Харангони Болои Ҷамоати деҳоти Айнӣ, ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Аз хурдӣ орзу мекард, ки ба монанди бародараш Солеҳҷон омӯзгор шуда, ба насли наврас таълиму тарбия диҳад. Ғозӣ Аминов, вақте ки мактабро хатм намуд, ҷанги хонумонсӯз сар шуд. Ӯро дар 17-солагӣ ҳамроҳи бародараш Солеҳҷон, ки дар мактаби ибтидоии деҳаи Харангони Боло  омӯзгор шуда кор мекард, соли 1941 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват намуданд. Ғ. Аминов ба монанди дигар фарзандони ватан ба муқобили фашистон ҷангида, то ба Берлин расид. Дар вақти задухӯрдҳо ду маротиба захм бардоштааст: яке аз китфи чап ва дигаре аз бозуи чап. Баъди ғалаба вай ба зодгоҳаш баргашта, ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ғоибонаи факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ месупорад. Дар баробари он, дар деҳаи Охтоқи ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти омӯзгории худро оғоз менамояд. Бо ташаббуси  ӯ соли 1970 дар деҳаи Харангони Боло мактаби 8-сола барои 320 ҷои нишаст сохта шуд. То охири умр Ғ. Аминов дар ин мактаб ба ҳайси директор фаъолият намудааст. Соли 1996 аз бемории сактаи дил дунёро падруд намуд. Ҳоло мактаби мазкур номи ӯро дорад.

Шогирдоне, ки  Ғ. Аминов тарбия кардааст, дар тамоми соҳаҳои гуногуни  хоҷагии халқ ва вазорату идораҳои давлатӣ кор ва фаъолият карда истодаанд. Ғ. Аминов шахси хоксору меҳрубон буд.

Фарзандон ва авлодони Ғ. Аминов касби омӯзгориро давом дода истодаанд. Фарзанди калониаш Усмон Аминов дар мактаби №29-и ноҳияи Варзоб аз фанни таърих ва ҳуқуқ сабақ меомӯзонад. Фарзанди хурдиаш Фаррух Аминов дар ДДОТ аз забони русӣ ба донишҷӯён дарс медиҳад. Набераҳояш Ҷамолиддин Аминов дар ДМТ  аз фанни биология,  Бахтиёр Аминов дар коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ  аз фанни таърих ва ҳуқуқ, Майсара ва Холида дар коллеҷи хусусии тиббии ноҳияи  Рӯдакӣ аз фанҳои таърихи дин ва забону адабиёти тоҷик  дарс дода истодаанд. Набераи дигараш Забаршоҳ Аминзода дар курси панҷуми факултаи географияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил карда истодааст ва мехоҳад дар оянда касби бобояшро идома диҳад.

М. Аминов,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш