Нашрияи Омӯзгор

Номинатсияи «Фалак» дар ЮНЕСКО

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 74        Шарҳ: 0

 

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи фарҳангро 655 нафар хатм намуданд, ки нисбат ба соли гузашта  40 нафар кам мебошад. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро 516 нафар хатм карданд, ки дар муқоиса ба соли гузаштаи таҳсил 119 нафар кам аст. Сабабҳои асосии кам шудани хатми имсола тағйир ёфтани нақшаи таълими ихтисосҳои шуъбаи ғоибона, интиқоли донишҷӯён ба коллеҷҳои омӯзгорӣ, даъват ба сафи Артиши миллӣ ва махсусан, бемории сироятии Ковид – 19 мебошад. Дар ин бора дар нишасти матбуотии  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода  иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки дар ин давра аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО маҷмӯи ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои «Рубоб», «Ҷашни Сада», «Кашидадӯзӣ», «Латифаҳои Насриддин Афандӣ» (дар ҳамкорӣ бо намояндагони ниҳодҳои соҳавии як қатор давлатҳои хориҷӣ) омода гашта, ба ин ташкилоти байналхалқӣ фиристода шуданд. Ҳоло таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ роҷеъ ба номинатсияи  миллии «Фалак» омода гардида, дар рӯзҳои наздик ба ташкилоти  ЮНЕСКО ирсол мегардад. 

Ҳамчунин, дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии пажӯҳишгоҳ 100 кори илмӣ, пажӯҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ ба табъ расидааст.

Мутахассисони вазорат якҷо  бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудавварро дар мавзӯи «Саразм – намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон» бахшида ба баргузории ҷашни 5500 – солагии шаҳри Саразми бостонӣ бо иштироки васеи олимони соҳа ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор намуданд. Ҳамчунин, тайи ин муддат тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар тавассути Маркази илм ва фарҳанги ФР дар Тоҷикистон («Россотрудничество») 43 нафар соҳиби бурсия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар гардиданд.

 

Ҳотами ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш