Нашрияи Омӯзгор

Мушкилоти об ва равандҳои глобалӣ

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 46        Шарҳ: 0

 

Об муъҷизаи беҳтарини табиат буда, бе он ягон мавҷудоти зинда наметавонад ҳаёт ба сар барад ва он манбаи асосии ҳастии инсон ба ҳисоб меравад. Олимон муайян намуданд, ки 71%- и кураи заминро об ташкил медиҳад ва на ҳамаи ин обҳо барои нӯшидан муфиданд.

Аз ин рӯ, норасоии оби тозаи нӯшокӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Коршиносони соҳа бар он назаранд, ки то соли 2025, агар мушкилоти норасоии оби тоза ҳалли худро наёбад, наздики 3 млрд сокини сайёра ба шадидтарин мушкилот норасоии оби ошомиданӣ дучор мегарданд.

Дар 145 кишвари олам аз дарёҳои сарҳадгузар истифода карда, 21 кишвар дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар қарор доранд. Тоҷикистон дар минтақа давлатест, ки бо захираҳои бузурги обӣ дар саргаҳи дарёҳои сарҳадгузар қарор дорад ва бо пиряхҳои азимаш бузургтарин иқтидори гидроэнергетикиро дар минтақа ва ҷаҳон касб намудааст.

 Тоҷикистон аз захираҳои об бой аст, аммо барои истифодаи самараноки он инфрасохтори муосир зарур аст. Илова бар ин, дарёҳои мавҷуда аз қаламрави Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя, хусусан, ба Ӯзбекистон ҷорӣ мешаванд. Ин аст, ки Тоҷикистон барои ба танзим даровардани дарёҳои сарҳадгузар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст.

Дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028» нав мо бояд фаъолияти тамоми сохторҳои мавҷудаи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии марбут ба обро фаъол гардонда, шарикӣ ва ҳамоҳангии онҳоро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои даҳсола тақвият бахшем. Ғайр аз ин, барои муваффақона сурат гирифтан, тибқи даҳсолаи нав лозим аст, ки шарикию ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳамаи самтҳо мустаҳкам гардад ва пеш аз ҳама, маблағгузорӣ, табодули таҷҳизоти муосир, таҷрибаи пешқадам дар соҳаи истифодаи об, ҳифзи захираҳои обӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи чорабиниҳои глобалӣ ва минтақавӣ ҷои муносиб ёбанд.

 Ба ҳамагон маълум аст, ки як қисми боришот ба сатҳи замин ба намуди барф ва жола мерезад. Дар қутбҳо, ноҳияҳои назди қутбӣ, кӯҳҳои баланд, ки ҳаво дар тобистон ҳам хунук аст, барф ва жола пурра об намешаванд. Дар натиҷа сол аз сол миқдори зиёди барф оҳиста-оҳиста зич шуда, ба ях табдил меёбад. Пиряхи кӯҳӣ ва рӯизаминӣ, пиряхҳои сатҳи хушкиро вобаста ба андоза ва хусусияти мавқею ҷойгиршавиашон ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд: «Пиряхҳои кӯҳӣ ва пиряхҳои рӯизаминӣ». Пиряхҳои рӯизаминӣ дар минтақаҳои қутбӣ паҳн гардидаанд. Мисол; андозаи онҳо бузург буда, масоҳати хеле калонро ҳамчун сипар пӯшонидаанд. Пиряхи рӯизаминӣ қариб тамоми сатҳи Антарктидаро фаро гирифтааст.

Вақтҳои охир азбайнравии пиряхҳо мутахассисон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз ҷумла, тибқи хулосаи Маркази пиряхшиносии Академияи миллии илмҳо маълум гардидааст, ки ҳангоми муқоисаи аксҳои фазоии даҳаи соли 1960 ва солҳои охири Тоҷикистон коҳиши ҷиддии майдони ин пиряхҳо рӯшан гардидааст.

Раванди тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва ба ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад.

Дар Тоҷикистон тайи 30 соли охир аз 13 ҳазор пирях ҳазор адади он ба пуррагӣ нобуд шудааст, ки ин ҳолат нигаронкунанда мебошад.

 

Далер ҲУСЕЙНОВ,

корманди ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш