Нашрияи Омӯзгор

Китобҳои дарсии пурарзиш

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 29        Шарҳ: 0

 

Китобҳои дарсии «Асосҳои давлат  ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфҳои 8 ва 9 (муаллифон, академик, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Маҳмудзода Маҳкам Аъзам ва узви  вобастаи  Академияи  илмҳо, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳимзода Маҳмад Забир) аз аввалин китобҳои таълимӣ оид ба ин фан дар кишвари  соҳибистиқлоламон ба ҳисоб мераванд.

Муаллифон қайд намудаанд, ки Тоҷикистон барпо кардани давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро мақсади ояндаи инкишофи худ қарор додааст ва дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузург дорад.

Олимон М.Маҳмудзода ва М.Раҳимзода пайдоиши шаклҳои таърихии давлатро баён намуда,  бо дарназардошти арзишҳои миллӣ, пайдоиши давлатдории тоҷиконро аз давраи қадим то ба имрӯз бо усули содаю фаҳмо таҳлил намуда, қайд кардаанд, ки ҳанӯз дар замони салтанати Ҳахоманишиҳо аз ҷониби Куруши Кабир қабул шудани нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар шаҳодати ҷой доштани аввалин нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёдро дар ҷаҳон, аз ҷумла, дар давлатдории тоҷикон нишон дода, дар он муҳимтарин масъалаҳои вобас-та ба муносибатҳои давлатдорӣ ва ҳуқуқэҷодкуниро, пеш аз ҳама, мавҷудияти ҳуқуқу озодиҳои пешқадами замонро бо арзишҳои инсонӣ арзёбӣ намудаанд.

Ба андешаи муаллифон, баъд аз пош хӯрдани охирин давлати мутамаркази тоҷикон - Сомониён миллати тоҷик баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба шарофати истиқлолият дубора соҳиби давлат ва аркони давлатдорӣ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмо-малӣ Раҳмон тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ буҳрони ниҳоят шадиди сиёсӣ - зиддияту низоъҳои дохилӣ ва мушкилоти вазнини иқтисодиро паси сар намуда,  имрӯз ба давлате табдил ёфтааст, ки дар он низоми давлатдорӣ ва ҳуқуқии хеле мутараққии муосир амал мекунад.

Китобҳои зикргардида бо дарназардошти тағйироту иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ таҳия гардидаанд, ки мубрамияти онҳоро хеле зиёд мегардонад. Дар китобҳои мазкур ақидаҳои пешқадами замонҳои гуногун оид ба асосҳои давлат ва ҳуқуқ, маълумоти зиёд оид ба омӯзиши соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ ҷамъ оварда шудаанд, ки барои омӯзиши пурраи мавзӯъҳои тарҳрезишуда мусоидат мекунанд. Дар онҳо ҷой доштани саволҳои санҷишӣ барои азхуд намудани мавзӯъҳои таълимӣ хеле муҳим буда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад.

Дар замони муосир, ки ҷаҳонишавии ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба назар мерасад, дар назди давлати мо вазифаҳои хеле муҳим оид ба гузаронидани ислоҳотҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимою фарҳангӣ, судию ҳуқуқӣ роҳандозӣ шудааст, ки барои амалӣ намудани онҳо, пеш аз ҳама, омода намудани кадрҳои баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ зарур аст. Ба андешаи муаллифон, бе омӯзиши асосҳои давлат ва ҳуқуқ, донистани фарҳанги ниёгон, эҳтиром ба урфу одатҳо ва анъанаҳои миллӣ расидан ба сатҳи баланди касбӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, дар шароити кунунии рушди давлатдории миллӣ бо дарназардошти таъсирҳои раванди ҷаҳонишавӣ ниёз ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи падидаи мазкур аз нигоҳи ҳуқуқӣ беш аз пеш эҳсос мегардад.

Ҳалли ин масъалаҳо ба ин ё он дараҷа ба сатҳи омодагии устодон, муаллимон ва омӯзгорон, робитаи мактаб бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мақомоти давлатӣ ва намояндагони гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқаи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, омӯзиши асосҳои давлат ва ҳуқуқ, барои хештаншиносӣ, эҳтиром ба рукнҳои давлатдорӣ, ба талаботи замони нав мувофиқ кунонидани фаҳмиш ва диду назари толибилмон ба ҳуқуқи инсон ҳамчун арзишмандтарин дастоварди инсоният ва нақши асосии он дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд асос мегардад.

Муаллифон ба сохти давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол диққати махсус дода, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барпо намудан ва рушди давлатдории миллӣ ба таври махсус қайд намудаанд.

Дар китобҳои мавриди назар ҷой додани омӯзиши соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, шиносоӣ бо низоми ҳуқуқии давлат, дар бобҳои алоҳида тавзеҳ бахшидани мазмуну мундариҷаи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ аз кӯшиши муаллифон оид ба шиносоии пурра пайдо намудани толибилмон шаҳодат медиҳад. 

Пешниҳоди мавзӯъҳо, истифодаи усулҳои гуногуни дарккунӣ ва маҷмӯи низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, возеҳ ва дақиқ баён намудани таърифҳои асосӣ гарави муваффақияти ин китобҳо мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки бо таълифи китобҳои зикршуда муаллифон тавонистаанд муҳимтарин масъалаҳо ва мафҳумҳои илми асосҳои давлат ва ҳуқуқро тарҳрезӣ намоянд, ки  онҳо на танҳо  барои васеъ намудани дониши ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,  балки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии доираи васеи онҳо мусоидат хоҳад намуд. Китобҳои номбурда барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ  сазовор мебошанд.

 

Ш. ТАҒОЙНАЗАРОВ,

доктори илмҳои

ҳуқуқшиносӣ, профессор,

И. БОБОҶОНЗОДА,

доктори илмҳои

ҳуқуқшиносӣ, профессор                                                       


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш