Нашрияи Омӯзгор

Модарҷон, фаришта будӣ

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 78        Шарҳ: 0

 

Модарҷон, хеле пазмонат шудам. Рӯзҳо, соатҳо ва моҳҳо аз фавти ту паси сар мешаваду ба маргат боварам намеояд. Ҳар қадар худро тасалло медиҳам, боз ҳам дар фироқи ту месӯзам. Модарро аз даст додан чи рӯзи вазнинест дар ҳаёти фарзанд. Баъзе шабҳо ба хобам медароӣ, модар. Дар хоб бо ту гуфтугӯ дорам. Аз хурсандӣ тамоми баданамро ҳаяҷон фаро мегирад ва аз болин сар боло мекунам, ки бо ту равшантар суҳбат кунам. Аммо… афсӯс, сад афсӯс, ин ҳама дар хоб будааст.

Чашмонамро мепӯшам ё мекушоям, боз рӯйи зебои ту пеши назарам ба ҷилва меояд.

Ин азобе, ки ман мекашам, аз ҳама азобҳо зӯртар аст…

Фаслҳо мегузаранд, ҳамин ки баҳор омад, дарду азобам дучанд мешавад бо ёди ту, модарҷон!

Модарҷон, бо умед ҳар баҳор дар замини кӯчаки назди ҳавлиамон гулу гулбуттаҳо мешинонидӣ, гулҳои баҳориро дӯст медоштӣ. Сахттарин фасл бароям фасли тирамоҳ аст. Ҳамаи омӯзгорон ба мактабҳо мераванду модари зебои омӯзгори ман … ҳавасҳояшро бо худ ба хок бурдааст. Соли нави таҳсил дигар туро шогирдонат дар саҳни мактаб намебинанд. Модарҷон, чи сурати зебою қашанг ва забони ширин  доштӣ. Ҳар гоҳ хумори рӯйи модар гирад, худ ба худ меандешам, чаро дар ман дигар қудрату тавоноӣ нест, ки хурсандона по ба сӯйи остонаи  модар гузорам. Ҳарчанд хонааш холӣ нест. Шукри падари меҳрубон, шукри ҷигарбандони модарам. Шояд аз набудани модарам чунин эҳсосот маро фарогир аст.

Модарҷон, фаришта будӣ ва барои ман фаришта хоҳӣ монд.

М.ЗОИРОВА,

 омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби                         

№36-и ноҳияи Рӯдакӣ   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш