Нашрияи Омӯзгор

Вохӯрии вазири маориф ва илм бо сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 39        Шарҳ: 0

 

29-уми июли соли ҷорӣ вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх баргузор гардид.

Зимни нишаст ҷонибҳо аз ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм ибрози андеша карданд. Аз ҷумла, зикр намуданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба миёни омӯзгорону олимон, ҷалби бештари донишҷӯёни тоҷик ба курсҳои омӯзишию таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили конфронсу чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, ба роҳ мондани ҳамкории мустақилона байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх зикр кард, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои омӯзишию фарҳангии ҳиндӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати ҷалби донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил аз ҷониби Ҳиндустон ҳамасола бурсияҳо ҷудо карда мешавад.

- Ҳамзамон, сипос ва миннатдории махсуси худро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва будубоши донишҷӯёни ҳиндӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, баён медорам,-таъкид намуд сафир.

Дар рафти суҳбат вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода пешниҳод намуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда табодули таҷриба миёни донишҷӯёну омӯз-горон ва олимон дар самт ва ихтисосҳои тиббӣ, техникӣ ва технологӣ бештар ба роҳ монда, ҷиҳати дастрас намудани нусхаҳои дастхатҳои қадимаю нодири мероси ниёгони тоҷик, ки дар китобхонаҳои Ҳиндустон маҳфузанд, тадбирҳои судманд андешида шавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи маориф дар доираи Барномаи табодул байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф (аз 31 августи соли 2012) ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба татбиқи лоиҳаи «Озмоишгоҳи муосири техникии Ҳиндустон-Тоҷикистон» (аз 25.01.2010) ба роҳ монда шудааст.

 

Эҳсон САФАРЗОДА,

сардори Маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш