Нашрияи Омӯзгор

Баррасии масоили ҳалталаб

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 49        Шарҳ: 0

 

Ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи якуми соҳаи маорифи вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, сардори раёсати маорифи вилоят Диловар Исозода, кормандони раёсат ва мудирони шуъбаю бахшҳои маорифии шаҳру навоҳӣ баргузор гардид.

Диловар  Исозода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба бурду бохти соҳа дар шаш моҳи аввали соли 2020 ҳисобот дод. Мавсуф дар бораи баландбардории сатҳи сифати таҳсилот, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ, шароиту имкониятҳо дар муассисаҳои таълимӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон, компютеркунонӣ, безараргардонии муассисаҳои таълимӣ ва пешгирӣ аз бемории ҳамагири сovid-19 ва дигар самтҳои соҳа ҳарф зад.

Ф.Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон дар  хусуси дастовардҳои аҳли маориф ва камбудию норасоиҳо андешаронӣ намуд.

Дар раванди ҷаласа масъалаҳои омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннии мактаббачагон тавассути истифодаи методҳои самарабахши таълим дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Носири Хусрав, Ҷайҳун, Шаҳритуз, Вахш, Темурмалик ва Муъминобод, ташаккули муносибати бошууронаи хонандагон ба интихоби касб дар раванди таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. ҳамчунин, омода намудани довталабон ба озмуни қабули суҳбат барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дахлдори ҷумҳурӣ, тибқи квотаи Президентӣ дар ноҳияи Қубодиён, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба интихоби касб ва моҳияти дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Панҷ, Кӯшониён, Хуросон, Шаҳритуз, Балҷувон ва Норак, ки аз ҳисоби миёнаи вилоят дар сатҳи паст қарор доранд ва рафъи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ тавассути ҷалби мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Қубодиён, Ҷайҳун, Фархор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Дӯстӣ, Шаҳритуз, Шамсиддини Шоҳин ва Кӯшониён баррасӣ гардид.

Инчунин, дар масъалаҳои фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба ин зинаи таҳсилот тавассути таъсиси Марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин, Ҷайҳун, Вахш, Дӯстӣ, Қубодиён, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Кӯшониён, таъмини шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дар филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб аз муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои Темурмалик, Ховалинг, Норак, А.Ҷомӣ, Қубодиён, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Ёвон, Фархор, Ҷ.Балхӣ, Данғара ва Носири Хусрав, оид ба рафъи норасоии ҷойи нишасти хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ мулоҳизаҳо баён карда шуданд.

С.АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш