Нашрияи Омӯзгор

Деваштич: ҷамъбасти фаъолияти нимсола

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 72        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Деваштич бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ва раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 маҷлис баргузор гардид. Роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ муовини якуми раиси ноҳия Умар Маҳмадёров маърӯза намуд.

Сипас, Ризо Назарзода, Сулаймон Зиёзода ва Мирзоқосим Каримзода оид ба вусъат бахшидани раванди корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии хурӯҷи эҳтимолии мавҷи дуюми бемории сироятии COVID-19, омодагии муассисаҳои таълимӣ барои соли нави хониш, дар муҳлати муайяншуда ба иҷро расонидани корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ, таъсиси  корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ,  инчунин, дар соли хониши 2020 зиёд гардидани шумораи гирандагони стипендияи Президентӣ ва ба таври шаффоф гузаронидани озмунҳо ҷиҳати дарёфти ҷавонони лаёқатманд, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани ҷавонон сухан гуфта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Маратҷон ҶАББОРОВ,

ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш