Нашрияи Омӯзгор

Машъали шеър

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 53        Шарҳ: 0

 

Тарбияи хонандагон тавассути эҷодиёти бузургони олами адаб яке аз роҳҳои пуртаъсиру самарабахш ба шумор меояд ва ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилотӣ воқеияти комили ин нуктаро кайҳо ва борҳо собит намудааст.

Устод Мирзо Турсунзода гуфтаанд, ки халқи тоҷик табиатан нисбат ба аҳли эҷод эътиқоду ихлос доранд. Вақте ки дар таълимгоҳҳо устодон аз осори адибон бамавриду мунтазам истифода менамоянд, ин эътиқод боз ҳам устувортар мешавад. Тарғибу тавзеҳи эҷодиёти шоиру нависандагони миллатро ба таври мухталиф ва дар лаҳзаҳои гуногуни раванди таълиму тарбияи шогирдон метавон роҳандозӣ кард. Масалан, дар рафти дарс (аз кадом фан, ки бошад; вобаста ба маҳорату истеъдоди омӯзгор) мувофиқ ба мавзӯи таълимӣ ё баҳсу муколамаи бамиёномада байте аз шоире оварда, гуфтаҳои худро собит намудан ё шарҳ додан аз ҷониби омӯзгор хеле таъсиргузор хоҳад буд. Барои тарғибу тавзеҳ ва омӯзиши васеи ҳаёт ва эҷодиёти аҳли адаб баргузор намудани дарсҳои тарбиявӣ хеле мувофиқ ва пураҳмият мебошад. Дар соли таҳсили гузашта ман чанд дарси тарбиявиамро бо шогирдонам – хонандагони синфи чорум дар заминаи эҷодиёти шоирон баргузор намудам. Яке аз чунин дарсҳоям ба осор ва зиндагиномаи шоири бузурги миллат Туғрали Аҳрорӣ бахшида шуд ва хонандагонро писанд омад. Ин дарсро ман бо овардани як пора аз гуфтаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Туғрал оғоз намудам, ки он чунин буд: «Тоҷикистон бо номи фарзандони бузурги водии Зарафшон аз устод Рӯдакӣ сар карда, то Туғрали ширинсухан ва даҳҳо нафарони дигаре, ки зодаву парвардаи ин диёри шеъру адаб буда, барои баланд бардоштани ному мақоми тоҷикон хизмат кардаанд, ифтихор дорад».

Албатта, зарур аст, ки ҳар дарси тарбиявӣ бо иштироки фаъолонаи хонандагон сурат ёбад. Барои ин қаблан мавзӯи дарси тарбиявии навбатӣ ба хонандагон эълон кардаву мухтасаран шарҳ дода мешавад.

Пас аз тавзеҳи гуфтаҳои мазкури Президенти ҷумҳурӣ хонандае ба таври фишурда зиндагиномаи шоирро нақл кард. Дар ҷараёни нақли худ ӯ аз расми шоир, манзараҳои шаҳри Самарқанду водии Зарафшон, акси китобҳои шоир тавассути дастгоҳи видеоӣ истифода намуд. Дар идома шогирдон банавбат аз ашъори шоир намунаҳо азёд хонданд. Ҳамагон ба мазмуни шеърҳо ва тарзи хониши ҳамсинфи худ эътибор дода, дар фарҷом мулоҳизаҳояшонро иброз доштанд. Лаҳзаи қироати байтҳои баргузида аз ашъори шоир хеле ҷолиб буд. Хонандагон аз китоби осори шоир байтҳоеро интихоб кардаанд, ки мақбулашон шудаасту мазмуни баланд доранд. Чанд лаҳзаи дарси тарбиявӣ ба манзумаи «Наврӯзнома»-и Туғрали Аҳрорӣ бахшида шуд. Дар ин манзума чӣ гуна омадани сол вобаста ба рӯзи фарорасии Наврӯз шарҳ ёфтааст, ки ин барои шогирдон мароқовар буду маълумоташонро оид ба ин ҷашни фархунда бештар кард.

Давоми дарси тарбиявӣ аз лаҳзаҳои сурудхонӣ бар ашъори шоир, рақсу байтбарак ва тавзеҳи ситоишномаи Туғрал иборат буд. Ман ба хонандагон ёдовар шудам, ки дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири номвар адибони зиёде, аз ҷумла, Қутбӣ Киром, Сорбон, Гулназар асарҳо офаридаанд. Чанд байти баланд дар ситоиши Туғрал Аҳрорӣ ҳусни анҷоми ин дарси тарбиявӣ гардид.

Он, ки андар назми воло машъал аст,

Туғрал асту Туғрал асту Туғрал аст.

 

Назира НАВРӮЗОВА,

омӯзгори мактаби №53-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш