Нашрияи Омӯзгор

Растанӣ гӯем ё рустанӣ?

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 64        Шарҳ: 0

 

Аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ»  (1989, 2009) солҳои зиёде сипарӣ шуда бошад ҳам, дар гуфтор ва навиштаҳои мо ғалатҳои мантиқӣ вомехӯранд. Калима ва иборасозӣ яке аз омилҳои бой шудани фонди луғавии забон ба ҳисоб рафта, ислоҳи ғалатҳо, дуруст ва ба мавқеъ кор фармудани ҳар як калимаву ибора ба татбиқи қонуни мазкур мусоидат хоҳад кард.

Манзури мо тарзи истифодаи ғалати «растаниҳо» ва «растаниҳои шифобахш» мебошанд. Солҳои охир дар китоби дарсии ботаника  гоҳо «растанӣ» менависанду гоҳи дигар «рустанӣ». Барои чӣ «растанӣ»? Оё «растанӣ» «рустанӣ» аст? Барои исботи ақидаи хеш рӯ меорем ба «Фарҳанги забони тоҷикӣ», ки вожаи «растан» чунин шарҳ ёфтааст;

Растан- халос шудан, наҷот ёфтан

Раҳидан- наҷот ёфтан, озод шудан

Мисол; Дар Исфаҳон гӯштингире буд, ки  ҳеҷ кас аз дасташ нарастӣ ва ҳеҷ саре аз шикасташ нарастӣ. «Хористон» с.124, қ.2

Туғрал ба хаёли сари зулфи ту асир аст, растан натавонад…

Акнун шарҳи вожаи «рустан»-ро мехонем, ки ба ду маъно омадааст;

А) Руст- сабзиш, рӯиш, афзунӣ

Чунин гуфт, к-инат сари кин нахуст,

Парокандаӣ тухми пархошу руст.

Фирдавсӣ

Б) Руст - замин , хок, хоки сахт

Зи тороҷ вайрон шуд он буму руст,

Ки Ҳурмуз ҳаме боҷи Эрон биҷуст

 Фирдавсӣ

Вожаи «рустанӣ» бошад, чунин шарҳ ёфтааст;

Рустанӣ- гиёҳ, наботот, сабза, ҳар чӣ ки мерӯяд ва месабзад.

Биболид кӯҳ, обҳо бардамид,

Сари рустанӣ сӯи боло кашид.

Фирдавсӣ

Сари рустанӣ зер зебо бувад,

Сари одамӣ беҳ, ки боло бувад.

Низомӣ

Дар ин ҷо ба вожаи «рустан» (халос шудан) пасванди «ӣ» ҳамроҳ кардему «рустанӣ» (сабза, гиёҳ) сохтем. Пас, ибораи «растаниҳои шифобахш» аз рӯи мантиқ нодуруст буда, шакли дурусташ «рустаниҳои шифобахш» , ё ки «гиёҳҳои шифобахш» мебошад.

Солҳои охир  гӯяндагони радио ва телевизион ибораи «маданияти истифодабарии неруи барқ»-ро зиёд истифода мебаранд, ки мантиқан нодуруст аст. Магар барқ маданият дорад? Ҳаргиз не. На барқ, на саноат, на хоҷагии қишлоқ маданият надоранд. Вожаи «маданият» танҳо ба адабиёт, санъат, умуман ба инсон мансуб аст.

Ибораи русии ин вожа « эффективний исползование энергоснабжения» буда, тарҷумааш «оқилона (сарфакорона) истифодабарии неруи барқ», ё «сарфаю сариштакорона истифодабарии неруи барқ» мебошад.

Ба ҳамин монанд, вожаҳои равған, равшан… ва амсоли инҳоро ғалат талаффуз мекунем, ки шакли дурусти истифодаи онҳо рӯған, рӯшан мебошад. Ибораҳои руғани зард, об- рӯшноӣ аз шакли дуюми ин вожаҳо зебову шинам сохта шудаанд.

Азбаски вожаҳои растан, рустан, равған, руған бо хати арабиасоси тоҷикӣ як хел навишта мешаванд, ғалати мантиқӣ аз ҳамин ҷо рух додааст. Бинобар ин, бояд ҳамеша аз ҳодисаҳои забонӣ бохабар бошем, то  ки ба насли оянда калимаву ибораҳои зебову шинамро ба мерос гузорем.

Вожаҳои «хато» ва «ғалат»-ро баъзан ба ҷои якдигар истифода мебарем ва гумон мекунем, ки дуруст аст. Ин ғалатро аксар омӯзгорон содир мекунанд, ки нобахшиданӣ мебошад.

Ҳангоми навиштани тақриз ба иншо, нақли хаттии хонанда омӯзгор чунин менависад;  «Хонанда хатогиҳои бисёр содир кардааст», ки шакли дурусти он бояд чунин бошад; «Хонанда ғалатҳои зиёд содир кардааст». Чунки вожаи «хато» ба тир, камон ва рафтори одамон мансуб буда, вожаи «ғалат» ба хат ва имло  тааллуқ дорад. Аслан, вожаи сохтаи «хатогӣ» мантиқан нодуруст аст ва шакли дурусти он «хатоӣ» мебошад. Устод М.Шакурӣ таъкид карда буданд, ки пасванди «гӣ» зиёдатӣ буда, «хатогӣ» навиштан ғалат аст.

Агар ба мисолҳои зерин таваҷҷуҳ намоем, ба фарқи ин вожаҳо ё мавриди истифодаи дурусти онҳо бештар сарфаҳм меравем;

…тир андохт, тир хато рафт.

У. Зоконӣ

Ӯ дар умри худ бори аввал хато кардааст.

Ф. Муҳаммадиев

Хати тақдир аст холӣ аз ғалат,

Аз галат холӣ набошад ҳеҷ хат.

Бедил

Хат ғалат, имло ғалат, маъно ғалат.

Бамаврид ва дуруст истифода бурдани калимаву ибораҳо ҳусни баёнро меафзояд ва ба шунаванда ҳам ҳаловат мебахшад.

Файзулло Боқиев,

омӯзгори мактаби №5, ноҳияи Айнӣ,

Аълочии маорифи Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш