Нашрияи Омӯзгор

Сохтмони мактаб барои 640 нафар

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 106        Шарҳ: 0

 

Таҳти раёсати муовини раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо иштироки аъзои ситоди вилоятӣ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба омодагӣ ба ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.

Ба иттилои раиси вилоят, ташрифи навбатии Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар назар аст. Зикр гардид, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45 иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва ҳайати корӣ дидан ба амал оварданд.

Аз ҷумла, дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ бинои театри вилоятӣ, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ба номи Сайфулло Абдуллоев барои 640 ҷойи нишаст дар як баст сохта шуда истодааст. Барои бунёди иншоот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Аллакай 85 фисади корҳо дар иншоот ба итмом расидааст.

Ҷ. Қозибеков,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш