Нашрияи Омӯзгор

Қубодиён: ду мактаб мавриди истифода қарор мегирад

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 83        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Қубодиён муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  бо синфхонаҳои васеъ ва шароити муосир барои кори омӯзгорон ва таҳсили мактаббачаҳо соли оянда ифтитоҳ хоҳанд шуд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 163 иншооти бунёд, бозсозӣ ва мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. То имрӯз дар ноҳияи Қубодиён 95 иншоот ба истифода дода шудааст. Сохтмони 44 иморати дигар дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Аз ҷумла, дар ин рӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар 2 корхонаи саноатӣ, 3 муассисаи тиббӣ, 2 муассисаи  таълимӣ, 4 муассисаи  фарҳангӣ ва фароғатӣ  ва 25 бинои соҳаи хизматрасонӣ идома доранд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш