Нашрияи Омӯзгор

Усули шавқовар

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 67        Шарҳ: 0

 

Маълум аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзиши забони англисӣ аз синфи 3 оғоз меёбад. Яъне хонандагон дар ду соли аввали таҳсил  (синфҳои 1-2) умуман бо ин забон ошно нашудаанд, бинобар ин, ба онҳо омӯзиш бо забони наве, ки аз ҳаёти ҳаррӯзаашон дур аст, мушкил мебошад. Барои омӯзондани забони англисӣ  бояд аввал  диққати хонандаро барои омӯзиш бо ин забон  ҷалб кард. Нақши омӯзгор дар ин ҷода муҳим аст.

Хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз олами кӯдакиашон берун нашудаанд. Онҳо бозӣ карданро дӯст медоранд. Аз ин рӯ, дарсҳои забони англисиро бо усули бозӣ гузаронидан мақбули хонандагон мегардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин усул самарабахш аст.

Барои кушоиши дарс ва ё мустаҳкамкунии он метавонем бозии «Офтобак»-ро гузаронем.  Хонандагон аз офтобаки сохташуда як шуълагӣ мегиранд, ки дар онҳо саволҳо доир ба мавзӯъҳои дарс навишта шудаанд . Ба монанди:

What’s the season now?

How old are you?

What fruit do you like?

Where do you study?

Вақте ки хонандагон ба саволҳо дуруст ҷавоб медиҳанд, ҳама якҷоя шеър мехонанд:

We answer for the questions rightly,

And our sun is shining brightly.

Барои он ки хонандагони дигар бекор намонанд, ба онҳо варақаҳо иборат аз 1 ё 2 саволи тестӣ додан мумкин аст. Ба мисли:

We can see with our….

a) Nose

b) Eyes

c) Ears

Барои пурсиши луғатҳо аз тӯбча истифода бурдан мумкин аст. Муаллим ба як хонанда тӯбчаро партофтакалимае бо забони тоҷикӣ мегӯяд  ва тарҷумаи онро мепурсад. Хонанда посух дода, тӯбчаро ба яке аз ҳамсинфонаш мепартояд ва аз ӯ калима пурсон мешавад. Ин бозӣ бо тарзи занҷирвор гузаронида мешавад. Калимаҳоро метавон чи бо забони тоҷикӣ ва чи бо забони англисӣ истифода бурд. Бозии дигареро бо номи «Who is quicker?» дар пурсиши луғат метавон истифода кард. 5-6 нафар хонанда  вобаста ба шароити синф дар як тараф  қатор меистанд ва аз онҳо луғатҳо пай дар пай пурсида мешаванд. Кадом хонандае, ки нахуст тарҷумаи калимаро мегӯяд, як қадам ба пеш мегузорад. Хонандае, ки аввалин шуда ба тарафи дигари синф мерасад, ғолиб дониста мешавад. Ин намуди бозӣ дар байни хонандагон ба мусобиқа мушобеҳ аст ва онҳо кӯшиш мекунанд, ки бештар калима аз худ кунанд.

Феълҳоро  омӯзгор метавонад бо ҳаракатҳои гуногун пурсад. Масалан, омӯзгор ба ин тараф, он тараф нигоҳ мекунад  ва хонандагон ҳама якҷоя “To see”мегӯянд. Аз ҳаракатҳои хонандагон маълум мешавад, ки онҳо феълҳоро аз худ кардаанд ё на. Хонандагоне, ки феълҳоро намедонанд, аз паси ҳамсинфонашон як - ду маротиба такрор карда, калимаҳоро меомӯзанд. Ин намуди пурсиш бениҳоят шавқовар аст ва хонандагонро хушҳол менамояд.

Бозии “find the words”-ро барои санҷидани қобилияти зеҳнии хонандагон дар раванди дарс гузаронидан лозим аст. Омӯзгор вобаста ба синф ва қобилияти хонандагон 10-15 калимаро дар варақаҳои алоҳида навишта, дар рӯи миз мегузорад. Дар бозӣ аз 4 то 8 хонанда иштирок карда метавонанд. Омӯзгор қалимаро не, балки сифатҳои онро номбар мекунад ва хонандагонро лозим аст, ки онро ёбанд:

Words: banana, book, note-book, bird, house, ball, pen, nose, scarf, lion…….

Омӯзгор                                 Хонанда

It’s a fruit and it’s yellow.    Banana   

We write with it.                   Pen

It can fly.                               Bird

We live in it.  House…

Омӯзгор боз метавонад бозиҳои дигарро истифода карда, онҳоро муаррифӣ намояд, ки ин аз завқу маҳорату малакаи ӯ  вобастагӣ дорад.         

Умеда ИСКАНДАРОВА,

омӯзгори забони англисии мактаби №13-и  ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш