Нашрияи Омӯзгор

Санъатҳои бадеӣ ва такомули зеҳн

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 58        Шарҳ: 0

 

Чандин бор шунидам, ки агар нафаре аз шогирдон дар таърифи сифати кори худ, ашёи худ ё ҳунари худ гапро аз ҳад гузаронад, нафари дигар суханашро аввал бо завқ гӯш кунад ҳам, дар охир аз шунидан хаста шуда, ба вай хитоб мекунад:

-Э, ин қадар лоф назан!

Ҳар гоҳ ки ин ҳолро мушоҳида кардам, ҳикоятҳое, аз қабили суҳбати ду лофӣ дар бораи қомати баланди бобояшон ба ёдам мерасад. Шумо ҳикоятро ҷое хонда ё аз касе шунидаед? Шояд. Аммо мумкин аст, ки дигар хонандагон хабар надошта бошанд.

Лоф задан бе муболиға мешавад? На.

Муболиғаи содаро баъзе шогирдон зуд тасаввур карданд, баъзеашон дертар, гурӯҳи савум, ки бештаранд, ба он чандон аҳамият надоданд, аксуламали устувор зоҳир накарданд. Модом ки ин тавр аст, ҳеч дар тасаввуру хаёлам ғунҷонда наметавонам, ки чунин тасвири аз дараҷаи олии муболиға – ғулувв хеле болотар ба зеҳни онҳо менишаста бошад:

Дилам аз ғусса танг омад, ки

чашми мӯр пеши ӯ

Бувад баҳре, ки дар ҷайби

ҳубобаш осмон гунҷад.

Ин чӣ гуна дили аз тангӣ кӯчак (ин сифат ҳеч гоҳ хурдии дили тавсифшударо ишора карда наметавонад!) будааст, ки чашми мӯр бо хурдӣ пеши он мисли баҳре бошад, ки дар ҷайби ҳубоби он осмон бо ҳама вусъати беинтиҳояш биғунҷад? Оё бо заррабини пуриқтидортарини электронии муосир чунин дилро, ки дар қиёс бо чашми мӯру баҳру ҳубоб ва осмон –кайҳони беинтиҳо нисбат ба зарраи хурдтарин –электрону протонҳои таркиби атом ҳам бамаротиб хурдтар хоҳад буд, дидан мумкин бошад? Чунин дил он қадар кӯчак хоҳад буд, ки гӯё нест! Ба худ “Бедил” тахаллус гирифтани муаллифи байт шояд аз ҳамин маъност?

Тасаввур кардани чунин дили хурд дар ягон зеҳни нируманд ва гиротарин ҳам намегунҷад. Агар Бедил дили аз ғусса тангомадаашро қиёсан бо чизе дигар, фарз кардем, бо резакоҳи дар паҳнои дашти беканор ва бесарубуни аз Саҳрои Кабир ҳам фарохтар афтода тасвир мекард, кӯчакии онро тасаввур кардан осонтар мебуд.

Байти боло дар мавриди ғуссаю дилтангист. Гирем, байти дигари Бедилро дар мавриди шодию нишоти беинтиҳо, ки бо расидан ба ҳавою ҳавасҳои хушоянд фаро расида, дилро огандаи фараҳу сурур месозад, вусъат мебахшад:

Нуҳ фалак дар вусъатободи

дили девонаам

Ҳамчу халхоле, ки дар пойи

магас тангӣ кунад.

Дар ин байт, ки ҳазрати Бедил дар муболиға кардан доди суханро додааст, акси муболиғаи боло дида мешавад. Ин чӣ дили бовусъатест, ки нуҳ фалак –Офтоб бо сайёраҳои гирдаш ва ситораҳои осмон назди он чун халхоле бошад, ки дар пойи магас тангӣ кунад? Нуҳ фалак дар қиёс бо вусъати дил мисли халхоли ба пойи магас танг бошад, он дил чӣ дили бузургест! Агар, фаразан, дар маркази чунин дили бузург бошему хоҳем, ки ба канори он бирасем, кас на ин ки бо воситае ба тезии аз суръати рӯшноӣ чанд карат зиёд ҷисман, балки бо тасаввури нирумандтарин ҳам дар як лаҳза расида наметавонад ба он лаби дил.

Оё ҳама шодию  сурур, хурсандию хушҳолӣ, ҳар болидарӯҳии дигари бани башар ва ҳама ҷонзодҳоро, ки аз оғози таърих то имрӯз зоҳир шудааст ва то рӯзи растохез ба зуҳур хоҳад пайваст, ба сурати ҷисм дарорем ва ҳамаро ба ҳам орем, як гӯшаи хурди вусъатободи дили девонаи Бедилро ишғол мекарда бошад!? Нанотехнологияи муосир пеши чунин ташбеҳҳои муболиға ҳеч будагист.

Бача дар раванди камолёбии маънавиаш ҳамин гуна ташбеҳоту муболиғаҳоро дар муқоиса бо чизҳои бо панҷ қувваи ҳис даркшаванда аз сода ба мураккаб фаҳмида-фаҳмида, ба омӯзиши мураккабтарин ва душвортарин фанновариҳои муосир омода хоҳад шуд.

Абдуғанӣ Муҳаммадиев,

омӯзгори мактаби №29-и ноҳияи Деваштич

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш