Нашрияи Омӯзгор

Дар қаламрави «Адаб»

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 61        Шарҳ: 0

 

Нашри ҳар як шумораи   маҷаллаи  илмӣ,  адабӣ ва таълимию маърифатии «Адаб» туҳфаи шоистаест барои аҳли илму адаб ва дӯстдорони хираду андешаи воло. Инак, шумораи нави ин нашрияи хонданӣ (№2 (54), 2020) бо фарогирии мутолиби зиёди ҷолибу пурбор ба дасти адабдӯстони кишвар  расид.

Зери рубрикаи   «Аз Рӯдакӣ то имрӯз» мақолаҳои муҳаққиқони варзида Обид Шакурзода «Озодае  каниз ва вазирони чоплус», Комилҷони Саидолим «Нақши устод Айнӣ дар таҳқиқи рӯзгор ва осори Мирзо Бедил», Обидҷон Маҳмудзода «Ҷавонон ва ҷавонӣ дар ашъори устод Лоиқ Шералӣ» ва дар бахши «Машриқу Мағриб» нигоштаи  донишпажӯҳ Нодир Нуров «Бозтоби мушкилоти замон дар “Бист дақиқа бо фаришта”-и Александр Вампилов» чоп шудаанд.  Дар бахши «Кошонаи муҳаббат»-и маҷалла донишмандон  Одили Нозир, Шоҳзамон Раҳмон ва Аҳмад Ҳоҷизода дар нигоштаҳояшон «Сафири адабиёти тоҷик», «Аз «Роҳи Каҳкашон» то «Садбарги заррин» ва «Муҳаққиқи  забони  ҳазорсолаҳо»  рӯзгор ва фаъолияти пурбори иҷтимоии ҷоннисорони воқеии ҷаҳони илму адаб Шавкат Ниёзӣ, Бахтиёри Муртазо ва равоншод Алберт Леонидович Хромовро  бо самимияти хосса ба силки таҳрир даровардаанд.

Бахши «Анҷуманоро»-ро мусоҳибаи шоири маъруф Гулназар бо тарҷумони шинохта Шариф Шараф (1927-2013) таҳти унвони «Тарҷума ҷоннисориву худфарсоӣ мехоҳад»  оро медиҳад, ки дар айёми барои миллату сарзамини мо басо душвору сарнавиштсоз (соли 1992) сурат гирифта буд. Хонандагон аз рубрикаи  «Дарси маҳорат»  тавсияҳои судманди нависандаи амрикоӣ Ҷон Гришэм (тав.1955)-ро, ки асарҳояш ба 42 забони зиндаи дунё бо теъдоди беш аз 300 миллион нусха чоп шудаанд, барои муваффақ шудан дар кори эҷодӣ мутолиа карда метавонанд.

Як вежагии хоси маҷаллаи «Адаб» ин аст, ки дар ҳар шумораи он адибони сатҳи ҷаҳоние, ки то ҳанӯз ному осорашон барои доираи васеи хонандагони тоҷик ноошно ва ё камошност, муаррифӣ ва намунаи осорашонро тарҷума, таҳия ва чоп менамояд.  Дар шумораи мавриди назар зери рубрикаи «Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон» мақолаҳои «Ҷеймс Ҷойс - шефтаи пурсишҳои посухнопазир», ҳикояи Ҷеймс Ҷойс «Хоҳарҳо» ва нақди ин ҳикоя аз ҷониби адабиётшиноси маъруф, профессор Уилям Йорк Тиндалл, ҳамчунин, нигоштаи муҳаққиқ Шодӣ Шокирзода «Ҷорҷ Оруэлл: Ман ба ин давру замон бегонаам», ҳикояи Ҷорҷ Оруэлл «Маросими эъдом»  мунташир  шудаанд. Илова бар ин, дар  бахши мазкур мақолаи  Шодони Нуъмонпур «Николай Тихонов ва Мирзо Турсунзода: дӯстие, ки борҳо аз имтиҳон гузаштааст»  ва қиссаи бисёр ҷолиби Николай Тихонов «Вамбери»  ба аҳли мутолиа пешкаш гардидаанд.  Дар  бахши ниҳоии маҷалла «Дар  қаламрави виҷдон»  нигоштаи пуррозу рамзи  Исо Қаландар «Ҷорҷ Оруэлл ва Мартин Лютер Кинг бояд дастгир шаванд»  ҷой  гирифта, қазовату  натиҷагирӣ аз он ба уҳдаи хонандагон вогузор  мешавад.

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш