Нашрияи Омӯзгор

Чораҳои муҳофизатӣ заруранд

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 75        Шарҳ: 0

 

Яке аз зуҳуроти мудҳиши асри XXI барои инсоният хурӯҷи бемории коронавирус (COVID-19) гардид. Паҳншавии он масъалаи доғест, ки тамоми мардуми ҷаҳонро ба таҳлука овардааст. Дар Тоҷикистон аз тарафи ҳукумат ва давлат ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморон тамоми чораҳо андешида шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои муассирро баҳри пешгирии ин беморӣ дар ҳудуди кишвар роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумлаи ин иқдомҳо баста шудани роҳҳои ҳавоӣ, рафтуомади қатораҳо ва васоити  нақлиёт мебошад. Инчунин, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба ватан бармегарданд, ба муҳлати 2 ҳафта дар карантин нигоҳ дошта шуда, зери назорати қатъии табибон қарор мегиранд.

Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳоти Панҷакент, дар ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳо ва дар коллеҷи омӯзгории шаҳр низ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории мазкур корҳои безараргардонӣ мунтазам роҳандозӣ гардида истодааст. Дафтарҳои корӣ ва синфхонаҳо безарар карда шуда, бо маводҳои антисептикӣ таъмин мебошанд. Аз тарафи корхонаи муштараки «Зарафшон» ду маротиба маводи зидди ин беморӣ, аз қабили хлор, моеъи спиртӣ, айнакҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳо ҳамчун кумаки башардӯстона ба коллеҷи омӯзгории шаҳр тақдим гардиданд. Натиҷаи ҳамин чорабиниҳост, ки хушбахтона, дар шаҳри Панҷакент хурӯҷи ин беморӣ тадриҷан коҳиш ёфта, зиндагии мардум ба эътидол омада истодааст.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳар яки мо, пеш аз ҳама, бояд роҳҳои пешгирии ин бемориро дар оилаамон роҳандозӣ намоем, чунки ҷои муқаддас барои ҳар яки мо ин оила аст. Моро зарур аст, ки тавсияҳои табибонро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамарӯза амалҳои профилактикиро иҷро намуда, ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намоем.

 

Шаҳло Фатҳуллоева,

омӯзгори таърих  ва ҳуқуқи коллеҷи омӯзгории

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш