Нашрияи Омӯзгор

Сарчашмаи маърифат

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 57        Шарҳ: 0

 

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Китоб-сарчашмаи маърифат» маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқони тоҷик аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд чоп гардид.

Дар ин китоб хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби ҷомеа ба китоб ва маънавият, мақому манзалати китоб дар замони муосир, роҳу усулҳои баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, рушд ва вазъи китобхонаҳои мамлакат ҳамчун марказҳои илмиву адабӣ сухан рафтааст.

Муаллифони мақолаҳо, донишмандон ва адибони  маъруфи тоҷик  Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Фарҳод Раҳимӣ, Саймумин Ятимов, Сайфиддин Назарзода, Абдуфаттоҳ Шарифзода, Абдулло Ғафуров, Мирзо Муллоаҳмад, Равшан Раҳмонӣ, Зафар Сайидзода, Акрам Воҳидов, Камол Насрулло, Осим Каримзода, Ҷамшед Ҷӯразода, Усмонҷон Ғаффоров, Нуъмонҷон Ғаффоров, Шарифмурод Исрофилниё, Давлат Сафар, Бахтиёр Ҳамдамов, Нуралӣ Нурзод ва дигарон мебошанд.

Таҳияи Н. САНГИНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш