Нашрияи Омӯзгор

Забономӯзӣ ниёз ба дастгирии оила дорад

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 76        Шарҳ: 0

 

Мусаллам аст, ки раванди ташаккулёбии сатҳи забондонии наврасон-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муҳити оила ва забони муоширати байни аъзои он низ вобаста мебошад. Шароити мусоиди муоширати оилавӣ, ки заминаи асосии онро таваҷҷуҳи пайвастаи волидон ба ҳар як ҳарфу сухани фарзандон  ташкил медиҳад ва дар он худи падару модар ҳам дар зимни муошират бо фарзандони хеш забони адабиро мавриди истифода қарор медиҳанд, барои тақвияти забондонии кӯдаку наврас омили муассир мегардад.

Бисёр иттифоқ афтодааст, ки мо, омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, бо сабаби набудани чунин муҳити забонии созгори оилавӣ дар ташаккули нутқи адабии шогирдонамон ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ мегардем ва садди аввалин дар ҷараёни омӯзонидани забони ноби тоҷикӣ ба шогирдон гуфтори аз ҳад зиёд лаҳҷавии онҳост.

Аз ин ҷост, ки мо ҳамеша ба дастгирии оила дар ҷодаи поксозии таркиби луғавии забони шогирдонамон ниёз дорем. Албатта, фароҳам сохтани муҳити забонии созгори оилавӣ маънои комилан даст кашидани оила аз ҳарфу суханҳои лаҳҷавиро надорад. Сухан аз боби фароҳам овардани муҳити мусоиди муоширати волидон зимни суханронӣ бо фарзандони хеш мавриди кумакрасонии онҳо дар азхудкунии маводи таълимӣ, дарстайёркунӣ, иҷрои вазифаҳои хонагии фарзандон меравад. Ба манфиати кори забономӯзию забондонии фарзандон мебуд, агар волидон барои онҳо тамошо кардани намоишҳои ба масъалаҳои тарзи дуруст навиштану истифода бурдани забони адабии тоҷикӣ зимни муошират дар гуфтори телевизиони «Баҳористон»-ро тавсия медоданд ё вақт ёфта, ҳамроҳи онҳо чунин намоишҳои барои рушди маънавии фарзандон муфидро тамошо мекарданд…

Умуман, муҳити созгори забонии оилавӣ метавонад пуле гардад, ки тавассути он гузариши кӯдак ё наврас аз ҳарфу сухани лаҳҷавӣ ба гуфтори адабӣ сурат мегирад.

Чунин гузариш аз бисёр ҷиҳат ба маҳорату истеъдоди корбурди забони адабии ҳар як омӯзгори муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи  умумӣ, махсусан, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик низ вобастагии зич дорад. Аз ҳақ намегузарем, агар гӯем, ки тарзи суханрониву муоширати забонии баъзе омӯзгорон ба ислоҳкунӣ ниёз дорад.

Ба андешаи ман, ягон омӯзгор, новобаста ба он ки ӯ бо таълими кадом фан машғул аст, набояд дар ҷараёни  машғулиятҳо дар мактаб, хоҳ онҳо асосӣ бошанд, хоҳ иловагӣ бо лаҳҷа сухан ронад.

Омӯзгори забони тоҷикӣ вазифадор аст, ки бо мақсади боло бурдани сатҳу сифати забондонии хонандагон зимни истифодабарии чунин усулҳои маъмулӣ, аз қабили нақли муаллим, суҳбат, таҳлили забон (мушоҳидаҳои ҳодисаҳои забон, таҳлили грамматикӣ), машқ, истифодаи воситаҳои аёнӣ, кор бо китоби дарсӣ, саёҳат… ширкати фаъолонаи хонандагонро тавассути бедор намудани шавқу рағбати онҳо ба ҳар як машғулияти дарсӣ ва ҳамсуҳбати  баробару мусоҳиба фаъол гардонидани онҳо таъмин кунад.

Ҳамкории пайвастаи омӯзгору оила, мутолиаи бештари рӯзномаву маҷалла ва асарҳои бадеӣ, махсусан, осори адибони гузаштаву имрӯзаи тоҷик пайроҳаҳои поксозии таркиби луғавии забон ва ғанигардонии захираи луғавии забони хонандагонанд, ки имкони ба шоҳроҳи мустақими забондонӣ баромадани онҳоро таъмин менамоянд.

 

Муҳтарамхон Абдуллоева,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш